ТАЛАБОТ БАРОИ ТАШКИЛОТҲОИ АЪЗО

Ташкилотҳое, ки хоҳиши ба Ассотсиатсия аъзо шуданро доранд бояд, ки имконоти зеринро соҳиб бошанд ва ё ба ин талаботҳо мувофиқ бошанд:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ», Барномаи мазкур ва дигар сандаҳои меъёрию ҳуқуқиеро, ки Ассотсиатсия ба амал мебарорад риоя кунанд ва мутобиқи талаботҳои онҳо фаъолияти худро ба роҳ монанд;

2. Ҳар моҳ (ва ё чамъи он дар як сол) дар ҳаҷми 10 (даҳ) доллари ИМА баробар ба сомонӣ аъзоҳаққӣ супоранд;

3.  На кам аз 5 воҳид/волонтёри доимофаъолияткунанда дошта бошанд;

4. Барои бақайдгирии волонтёрони худ дар Ассотсиатсия бо ишораи «Аз Ташкилоти «__________» (номи ташкилот) мусоидат намоянд;

5. Ба дилхоҳ шахси хоҳишманд барои аъзогӣ ба ҳайси волонтёр дар Ассотсиатсия мусоидат намоянд;

6. Ба волонтёрони Ассотсиатсия дар амалисозии вазифаҳои нақшавӣ кӯмак расонанд;

7. Мавриди пайдо шудани имконот ба Ассотсиатсия барои амалӣ сохтани вазифаҳои Оинномавӣ кӯмаки моллиявӣ ва моддӣ расонанд;

8. Ташаббусҳои Ассотсиатсияро дастгирӣ намуда, дар амалисозии онҳо саҳм гузоранд;

9. Манфиатҳои Ассотсиатсияро дастгирӣ ва ҳифз намоянд;

10. Дар Маҷлисҳои умумӣ ва конференсиҳои солонаи аъзоёни Ассотсиатсия иштирок намоянд;

11. Аз бандҳои 8.2 ва 8.3 Барнома самтҳои фаъолият ва намудҳои хизматрасониро интихоб намоянд;

12. Мутобиқи самти интихобкардаи фаъолият таҷриба дошта бошанд ва мутаносибан иқтидорнокии ташкилотро устувор созанд;

13. Дар давраҳои омӯзишӣ/тренингҳо, таҷрибаомӯзӣ ва сайёҳатҳои туристӣ чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар иштирок намоянд;

14. Дар мавридҳои маҳфуз набудани вазифаҳои махсусгардонидашуда, мустақилона вазифаҳои худро мувофиқи самтҳои фаъолият ва намудҳои хизматрасонии интихобкарда ба амал бароранд;

15. Аз натиҷаи фаъолият ҳар моҳ ҳисобот пешниҳод намоянд.

Эзоҳ: пеш аз он ки ба қайд гирифта шавед, зарур аст, ки тамоми маълумотро дар бораи ташкилот омода созед, аз ҷумла нусхаи Шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ, нусхаи шиносномаи роҳбари Ташкилот ва рӯйхати волонтёрон.

Хуш омадед ба сомонаи волонтёрон!