БАРНОМАИ ФАЪОЛИЯТИ АССОТСИАТСИЯ

Дар шароите, ки ҷомеа дар ҳоли гузариш қарор дорад, он ҳарчи бештар хамкориҳои судмандро бо дарназардошти тазотҳои ҳаёти муосир талаб менамояд.

Фаъолияти волонтёрӣ, яке аз навъҳои фаъолияти хайрхоҳонаи муосир буда, дар Тоҷикистон дар давраи гузариш ба вуҷуд омадааст.

Солҳост, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ихтиёрӣ амал мекунад, аммо дар шаклҳои гуногун. Вақте, ки як нафар мӯҳтоҷи ёрӣ мешавад, фавран ба вай кӯмаки муносиб расонида мешавад ва ё агар дар ягон деҳа ягон шахс ба сохтмони хонааш шурӯъ кунад, тамоми истиқоматкунандагони деҳа ба кӯмаки ӯ ба таври «Ҳашар» ҳозир мешаванд.

Имрӯз «Фаъолияти ихтиёрӣ» тамоман як шакли дигар дошта, аз рӯи намуди ёрӣ дастрас ва васеъ мебошад. Он бештар ба бартараф кардани мушкилоти одамон, расонидани кӯмаки хайрхоҳона ба наздикон ва ё тамоман одамони ба ӯ бегона ва мусоидат ва дастгирии одамон дар бартарафсозии мушкилоти ҳаётӣ равона гардидааст. Яъне, агар солҳои пешин «Фаъолияти ихтиёрӣ» фақат барои ҳалли мусбии ниёзи одамон равона меушд, пас имрӯз дар замони мутобиқшавӣ ба ҳаёти муосир ин намуди хизматрасонӣ бештар барои бартараф сохтани мушкилоти хусусияти манфӣ дошта равона гардидааст. Аз ҷумла, мушкилот ва омилҳое, ки ҳамарӯза бар зиддашон мубориза мебаранд, боиси фалокати одамон мегардад, давлатро коста мегардонад ва ба бетартибии ҷамъиятӣ оварда мерасонад, субъекти ин фаъолият мебошад. Мисолҳои мантиқии ин ниёзҳо, мушкилоти ҷаҳонӣ – болоравии сатҳи бемории ВНМО/БПНМ, нашъамандӣ, терроризм, экстремизм, фалокати экологӣ, ҷанги шаҳрвандӣ ва ғайра шуда метавонад.

Дар Тоҷикистон, ки 70% аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд, татбиқи ин механизм тадбири саривақтист. Дар замони ҷомеаи муосир муносибат ва рафтори мо нисбат ба насли ҷавон бояд махсус бошад. Чӣ хеле, ки маълум аст, имрӯз яке аз чунин муносибатҳо, ки рушди ҳаматарафаи ҷавонон ва истифодаи иқтидори онҳоро таъмин менамояд, ин ҳаракати ихтиёрӣ мебошад, ки чӣ аз лиҳози иқтисодӣ ва чӣ аз лиҳози иҷтимоӣ барои ҷамъият манфиатнок ва дастрас мебошад.

Дар Тоҷикистон миёни ҷавонон аввалин маротиба ҳаракати ихтиёриён соли 2000 ба фаъолият шурӯъ намуд. Ташаббуси аввали онҳо ба самти тарзи ҳаёти солими ҷавонон равона шуда буд.

Айни замон волонтёрон фаъолияти хешро ба самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа аз ҷумла, пешгирии бемориҳои сироятӣ, тарзи ҳаёти солим, банақшагирии оила, экология, муҳити зист ва ғайра равона месозанд.

Ҳамин тавр, дар кишвар 3 гурӯҳи ҳаракати волонтёрон амал менамоянд.

Гурӯҳи якум, ин волонтёроне, ки аз ҳисоби ҷавонони фаъоле, ки дар муассисаҳои таълимӣ таҳсил мекунанд ва ҷавонони бешуғл аз рӯи принсипи «Ҳамсол ба ҳамсол» оид ба масъалҳои пешгирии бемориҳои сироятии ВНМО/БПНМ, нашъамандӣ ва сироятии ҷинсӣ фаъолият доранд.

Гурӯҳи дуюм, ин волонтёрон — дружиначиён, ки аз ҳисоби донишҷӯёни муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла варзишии кишвар, ки барои кӯмак ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои таъмин кардани бехатарӣ дар рӯзҳои ҷашнҳо ва ё санаҳои таърихӣ, роҳпаймоиҳо, бозиҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ ҷалб карда мешаванд ва ғайра. Ин гурӯҳро «Дружиначиёни ихтиёрӣ» меноманд.

Гурӯҳи сеюм, ин «Ихтиёриён», ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Муссалаҳи кишвар шомил мегарданд. Ин гурӯҳи ҷавонон, асосан аз ҳисоби синфҳои болоии мактабҳои миёна, ҷавонони 15-17 сола ҷалб карда мешаванд. Барои ин гурӯҳи ҷавонон дар вақти адои хизмат дар сафи Қувваҳои Муссалаҳ Барномаи махсус «Ихтиёриён», ки дар доираи он сислсила чорабиниҳои маърифатӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ доир карда мешванд, амалӣ мегардад.

Новобаста аз мувафақиятҳои ноилгардида, ҳаракати волонтёрӣ дар Тоҷикистон ташаккулёфта ҳисоб намегардад, зеро он ба системаи муайянгардидаро соҳиб намебошад. Дар баробари ин, сатҳи маълумотнокии намояндагони институтҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар нақш ва аҳамиятнокии фаъолияти волонтёрӣ дар ҷомеа дар сатҳи паст қарор дорад, ки ин барои рушди система монеа эҷод мекунад.

Танҳо охирҳои соли гузашта Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи волонтёрӣ» қабул гардид, ки он низ ташаккули система ва ё механизми амалисозиро талаб менамояд.

Ҳамин тариқ ва бо назардошти хело муҳим будани барномаи волонтёрӣ барои давлату ҷомеа, зарурати таъсиси Ассотсиатсия миллии волонтёрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст.

Матни пурраи Барномаи фаъолияти Ассотсиатсия замима шудааст.

 

Хуш омадед ба сомонаи волонтёрон!