ТАЛАБОТҲО БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ВОЛОНТЁРӢ

Шахсе, ки хоҳиши волонтёр (ба Ассотсиатсия аъзо) шуданро дорад бояд, ки қобилият ва имконоти зеринро соҳиб бошад ва ё ба ин талаботҳо мувофиқ бошад:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ», Барномаи мазкур ва дигар сандаҳои меъёрию ҳуқуқиеро, ки Ассотсиатсия ба амал мебарорад риоя кунад ва мутобиқи талаботҳои онҳо фаъолияти худро ба роҳ монад;

2. Тавассути сомонаи www.volunteer.tj худро ба қайд гузорад, яъне барои фаъолияти волонтёрӣ ариза диҳад;

3. Ба лоиҳаи Созишнома, ки дар ҷараёни бақайдгирӣ пешниҳод карда мешавад, пурра шинос шавад ва шарту талаботҳои онро қабул намояд;

4. Дафтарчаи волонтёриро дастрас намуда, онро мувофиқи фаъолияти волонтёрӣ сари вақт пур намояд;

5. Барои бемузд (бе манфиати пулию молӣ) ба манфиати (дастгирӣ ва кӯмаки) ҷомеа ва шахсони алоҳидаи ниёзманд фаъолият кардан омода бошад;

6. Барои кӯмаки бемузд ба гуруҳҳои осебпазир ва осебдидаи аҳолӣ ва ташкилотҳои эҳтиёҷманд хоҳиши қаввӣ (сахт) дошта бошад;

7.  Шахси хайрхоҳ, ватандӯст, таҳамулпазир, тоқатафзо ва инсондӯст бошад;

8. Ба Ватан, арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ эҳтироми самимӣ дошта бошад;

9. Қобилияти амалисозии (ва ё иштирок дар амалисозӣ) як ва ё якчанд самтҳои фаъолият ва намудҳои хизматрасонии волонтёриро дошта бошад;

10. Аз бандҳои 8.2 ва 8.3 Барнома як ва якчанд самтҳои фаъолият ва намудҳои хизматрасониро интихоб намояд;

11. Мутобиқи самт(ҳо)и интихобкардаи фаъолият дониш ва ё маълумотнокӣ, таҷриба ва ё қобилияти қаввӣ дошта бошад;

12. Дар амалисозии самт(ҳо)и интихобкардаи фаъолият хоҳиши қаввии баланд бардоштани қобилият, дониш ва такмили ихтисосу таҷрибаи худро дошта бошад;

13. Аз рӯи худ кор кунад, омӯзад ва дигар ҳамрайъонро барои пешрафт ва комёбӣ дар амалисозии самт(ҳо)и интихобкардаи фаъолият тарғиб намояд;

14. Барои сафарҳои хизматӣ берун аз макони зисти худ дар дилхоҳ вақт дар муҳлати то 10 рӯз омода бошад;

15. Барои иштирок дар давраҳои омӯзишӣ (тренингҳо), таҷрибаомӯзӣ ва сафарҳои сайёҳатӣ чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар омода бошад;

16. Дар мавридҳои маҳфуз набудани фармоишҳо ва ё вазифаҳои махсусгардонидашуда, мустақилона вазифаҳои худро мувофиқи самтҳои фаъолият ва намудҳои хизматрасонии интихобкарда дар муҳлати 4 (чор) рӯз ва ё 24 (бисту чор) соат дар як моҳ амалӣ гардонад.

Эзоҳ: пеш аз он ки ба қайд гирифта шавед, зарур аст, ки тамоми маълумоти шахсиро омода созед, аз ҷумла нусхаи Шиноснома ва расми ¾-ро омода сохта мавриди пур кардани ариза насб созед.

Хуш омадед ба сомонаи волонтёрон!