САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ФАЪОЛИЯТИ ВОЛОНТЁРӢ

Бо фармоиши Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «30» апрели соли 2014 №139 тасдиқ шудааст

САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ФАЪОЛИЯТИ ВОЛОНТЁРӢ

 

Самтҳои афзалиятноки фаъолияти волонтёрӣ мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» ва бо дарназардошти тақозои ҷомеаи муосир нисбат ба беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ дар рӯйхати зерин муайян карда шудаанд.

 

Самтҳои фаъолият Тартиби амалисозӣ
ХИЗМАТРАСОНӢ
  1. Тренерӣ/омӯзгорӣ
  • Омӯзонидани қишрҳои гуногун оид ба азхудкунии дониш ва малакаҳои алоқаманд, амалӣ гардонидани фаъолияти омӯзгорӣ ва ё тренерӣ дар манзилҳои истиқоматӣ, марказу муассисаҳои гуногуни таҳсилотӣ, ба монанди мактабҳо, омӯзишгоҳҳо, донишгоҳҳо, марказҳои ҷавонон, клубҳои варзишӣ, марказҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра. Омӯзишҳо метавонанд дар шакли фардӣ ва ё гурӯҳӣ анҷом дода шаванд.
  1. Машваратчигӣ
  • Машварат метавонад ба якчанд равия ҷудо шавад, аз ҷумла ҳуқуқӣ, психологӣ, иқтисодӣ, тиббӣ, иттилоотӣ, маърифатнокӣ ва ғайра. Онро метавон ҳам ба таври фардӣ, яъне барои як шахс ва ҳам ба таври гурӯҳӣ, яъне барои гӯрӯҳи одамон анҷом дод.
  • Кӯмакҳои машваратӣ ба гурӯҳҳои ниёзманди одамон метавонад дар манзилҳои истиқоматӣ, марказҳои машваратӣ, клубҳо, ҷойҳои ҷамъшавӣ ва ғайра сурат гирад.
  • Чорабиниҳои машваратии иттилоотиро метавон дар толорҳои васеъҳаҷми муассисаҳои таҳсилотӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ баргузор намуд.
  1. Ороишгар (дизайнерӣ)
  • Корҳои ороишии барномаҳои иттилоотию амалӣ ва тарғиботии компютерӣ, интернетӣ, телевизионӣ, радиоӣ ва ғайра.
  • Ороиши саҳнаҳо мавриди ташкили барномаҳои оммавии фарҳангӣ, варзишӣ, намоишӣ ва ғайра.
  1. Тарҷумонӣ
  • Тарҷумаи маводҳо, ки хусусияти ҷамъиятӣ доранд ва ё баҳри рушди имконоти дилхоҳ ташкилот равона гаштаанд, бо забони мувофиқ
  • Тарҷумонӣ бо забони мувофиқ мавриди ташкили мулоқотҳо, мизхои мудаввар, семинарҳо, конференсияҳо ва дигар чорабиниҳо
  1. Таҳқиқотчӣ (гӣ)
  • Гузаронидани пурсиш, сӯҳбат ва ғайра ва амалӣ сохтани корҳои таҳлилии алоқаманд
  • Таҳлили санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ вобаста ба фаъолиятҳои муайян
  1. Рӯзноманигорӣ
  • Гузаронидани таҳқиқоти рӯзноманигорӣ ва таҳия ва ба нашр расонидани маводҳои марбут ба рушди ҷомеа дар шароити муосир
  • Таҳия ва ба нашр расонидани маводҳои тарғиботию иттилоотӣ оид ба рушди имконоти ҷомеа дар шароити муосир
  1. Роҳбаладӣ (туризм)
  • Роҳбаладӣ барои сайёҳони хориҷӣ мавриди сайёҳати онҳо минтақаҳои туристии Тоҷикистон
  • Роҳбаладӣ барои сайёҳати шаҳрвандони кишвар ба минтақаҳои туристӣ ва таърихию фарҳангӣ
  1. Ҷамъоварии маблағ ва молу амвол
  • Ҷамъварии маблағ ва молу амвол ҷиҳати амалӣ сохтани корҳои хайрхоҳона, аз ҷумла кӯмак ба офатзадагон, ҷабрдидагон, маъюбон ва ғайра
  • Ҷалбсозии маблағ ҷиҳати устувор сохтани фаъолиятҳои барномавии ташкилотҳои ҷамъиятӣ
  1. Кӯмаки тиббӣ
  • Хизматрасонии тиббии ниёзмандон дар минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла дар ҳолатҳои сар задани офатҳои табиӣ ва дигар ҳодисаҳои нохуш
  • Таъмини доруворӣ ба ниёзмандон
10. Нигоҳубини/дастгирии ниёзмандон
  • Хизматрасонии маишӣ, рӯбу чин, пухтани хӯрок, шустани либос ва ғайра нисбат ба шахсони барҷомонда ва имконияташон маҳдуд, ба монанди пиронсолон ва маъюбон
  • Расонидани молу амвол, маҳсулоти хӯрока ва табобатӣ ва дигар ҷиҳозҳои рӯзғор ба шаҳрвандони ниёздошта, аз ҷумла ҷабрдида ва маъюб
  • Парастории кӯдакони бе падару модар, маъюб ва бехона
11. Ронандагӣ
  • Рондани нақлёт мавриди ташкили чорабиниҳои гуногуни оммавӣ, аз ҷумла варзишӣ, фарҳангӣ, сайёҳӣ ва ғайра
  • Рондани мунтазами нақлёт мавриди анҷом додани корҳои машваратӣ, таҳлилию таҳқиқотии мутахассон-коршиносон
12. Дузандагӣ/бофандагӣ
  • Омӯзонидани қишрҳои ниёзманд оид ба малакаҳои дузандагӣ ва бофандагӣ
  • Ороиш ва дӯхтани маводҳои гуногун мавриди ташкили чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, варҳангӣ ва ғайра
13. Кандакорӣ/наққошӣ
  • Омӯзонидани қишрҳои ниёзманд оид ба малакаҳои кандакорӣ ва наққошӣ
  • Ороиш, наққошӣ ва кандакории маводҳои гуногун мавриди ташкили чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, варҳангӣ ва ғайра
КОР (ҷисмонӣ)
14. Корҳои сохтмонӣ
  • Иштирок дар сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ва ҳамагуна иншоотҳои ҷамъиятӣ ба ҳайси мутахассис ва ё коргар, ба монанди муҳандис, лоиҳакаш, хиштчин, рангубордеҳ, кафшергар, ҳаррот ва ғайра.
  • Расонидани кӯмаки амалӣ ба сохтмончиён мавриди анҷом додани корҳои сохтмонӣ
15. Иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ
  • Иштирок ва фаъолнокӣ дар ҷараёни ташкили ҳамагуна чорабиниҳои оммавӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва ғайра
  • Суруд хондан, нақш бозӣ кардан, мусиқӣ навохтан, рақс кардан ва анҷом додани дигар ҳунарҳои фарҳангӣ мавриди ташкили ҳамагуна чорабиниҳои оммавӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва ғайра
16. Ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ
  • Мусоидат ва иштирок дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ мавриди ташкили ҳамагуна чорабиниҳои оммавӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва ғайра
17. Ҳифзи табиат ва муҳити зист
  • Тоза кардан ва нигоҳубини муҳит, аз ҷумла боғҳо, ҷӯйю дарёҳо, муҷҷасамаҳо, осорхонаҳо, манзилҳои истиқоматӣ, иншоотҳои варзишӣ ва ғайра.
  • Шинондани ниҳолу бутаҳо, рангу бор кардани ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ғайра.
18. Хизмат дар сафи Артиш
  • Адои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои муссаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
19. Хоҷагидорӣ
  • Кӯмак расонидан барои кишту кори маҳсулоти кишоварзӣ
  • Мусоидат барои ғундоштан ва бастабандии маҳсулоти кишоварзӣ
20. Соҳибкорӣ
  • Мусоидат барои амалӣ гардонидани барномаҳои соҳибкорӣ ба ҳайси мутахассис, таҷрибаомӯз ва ё ёрдамчӣ
  • Амалӣ гардонидан ва ё кӯмак расонидан барои савдои мавод ва маҳсулоти соҳибкорӣ

 

Эзоҳ: Барои ба роҳ мондани фаъолияти волонтёрӣ дилхоҳ шахси хоҳишмандро зарур мегардад, ки на зиёда аз се самтҳои фаъолиятро, ки дар боло оварда шудаанд, интихоб намояд.

Order

Хуш омадед ба сомонаи волонтёрон!