Амалиёт оид ба танзими оила Добавить комментарий 23 майи соли 2014 соати 10:00 дар саҳни Донишгоҳи давлатии омўзгорӣ Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва соати 13:00 дар саҳни Кохи Ваҳдат бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи Ҳелветас Амалиёт (Аксия) оид ба танзими оила тариқи саволу ҷавоб (викторина), ки коидаву низом ва раванди солими хамзистиву оиладорӣ, мўхтавои саволномахоро ташкил медод, баргузор гардид. Дар чорабинӣ ба ширкаткунандагон, ки доираи зиёдро аз табақаи ҷавон ва насли калонсол ташкил медод, маводи иттилоотии дорои мавзуъоти ҷанбаи ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ дошта дастрас шуданд. Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ, ин шинохти воқеии арзишҳои аслии оиладорӣ, доштани мавқеи устувор, вусъати назар ва эҳсоси масъулияти бештар дар робита бо интихоби ҳамсар ва ташкили як хонаводаи хуб ва ҳамдигарфаҳмӣ дар масоили рӯзмарраи зиндагӣ буд. Поделиться ссылкой: Нажмите, чтобы поделиться в X (Открывается в новом окне) X Нажмите, чтобы открыть на Facebook (Открывается в новом окне) Facebook Нравится Загрузка... Похожее