Архив за месяц: Июнь 2014

Анҷумани VII-уми умумиҷумҳуриявии ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон

Анҷумани VII-уми ҷумҳуриявии ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон идомаи ташаббусҳо оид ба устуворӣ ва рушди ҷараёни идораи демократии ҷомеа мебошад, ки ба рушди имконоти ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат мекунад.

Ҳамасола баргузор намудани Анҷуман ба ҳукми анъана даромадааст ва он майдоне мебошад, ки дар онҷо ташкилотҳои кор бо ҷавонон, аз ҷумла ташкилотҳои ҷамъиятӣ имконоти табодули таҷриба, муайян кардани роҳу усулҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда дар байни ҷавонон ва ташаккули муносибатҳои ҳамкориро пайдо мекунанд.

Ташаббускорони бевоситаи Анҷуман Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии ва шарикони иҷтимоӣ Хазинаи кӯдакони СММ, Намояндагии Хазинаи Оғохон дар Тоҷикистон ва Алерт Интернешнл мебошанд.

Дар чорабинӣ намояндагони 130 ташкилотҳои асосӣ, ки дар самти сиёсати ҷавонон фаъолият доранд, ширкат меварзанд.

Мақсади Анҷуман таҳкими иштироки ҷавонон дар қабули қарорҳо ҳамчун қисми ҷудонашавандаи рушди давлат ва ҷамъият мебошад.

Программа 7-го Форума

Барномаи Форуми 7-ум