Форуми чавонони Созмони хамкории Шанхай «Ташаббусхои волонтёри» ва чаласаи VII Шурои чавонони СХШ

Аз 20 то 25 июни соли 2014 дар шахри Кайроккум Форуми чавонони давлатхои аъзои Созмони хамкории Шанхай тахти унвони «Ташаббусхои волонтёри» ва чаласаи VII-уми Шурои чавонони Созмони хамкории Шанхай баргузор гардид.
21 июн маросими кушодашавии Форуми чавонони СХШ тахти унвони “Ташаббусхои волонтери” дар толори осоишгохи “Бахористон” сурат гирифта, дар он беш аз 35 нафар фаъолчавонон аз хисоби аъзоёни кисми миллии Шурои чавонон, рохбарони ташкилотхои волонтёри ва кор бо чавонон ва волонтёрон, намояндагони дастгохи марказӣ ва махаллии Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхии назди Хукумати Чумхурии Точикистон ва васоити ахбори омма ширкат намуданд.
Дар чорабини муовини Раиси Кумита Муинова М. иштирок ва мехмонони хоричиро бо мазмун ва мухтавои сиёсати давлатии чавонон шинос намуда, доир ба дастовардхои чавонони Точикистон дар даврони сохибистиклоли маълумоти зарури пешниход кард.
Хамзамон, дар асоси барномаи Форуми чавонон Миралиев К. – муовини сардори Раёсати кор бо чавонони Кумита, Мирзораҳимов Н. — котиби Иттиходи ташкилотхои чавонони Точикистон, Юнусов Т. – мушовири Ташкилоти чамъиятии “Чавонони асри 21”, Чумаева Р. – рохбари Ташкилоти чамъиятии “Томирис” оид ба харакати волонтёри дар чахон, самтхои фаъолият, хадаф ва вазифахои Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Точикистон, дируз, имруз ва фардои харакати волонтёри дар Точикистон, мохияти Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи фаъолияти волонтёри” ва конунгузории алокаманд баромад намуданд.
Кобили зикр аст, ки иштирокчиёни чорабини аз худ фаъолнокии чидди нишон дода, доир ба тачрибаи давлатхои аъзои СХШ дар самти рушди харакати волонтери, мушкилоти хос ба насли чавон ва роххои халли он, инчунин дигар масоили марбут ба хаёту фаъолияти чавонон сухбату мухокимахои судманд ва табодули тачриба намуда, бахри бартараф кардани онхо таклифхои судманд пешниход карданд.
Дар доираи Форум накшаи чорабинихо оид ба татбик ва мубодилаи ташаббусхои харакати волонтёри дар кишвархои аъзои СХШ тасдик карда шуд.
24 июни соли 2014 бошад чаласаи VII-уми Шурои чавонони СХШ баргузор гардид, ки дар кори он 5 масъалахои мухим, аз чумла натичагири аз Форуми чавонон дар мавзўи «Ташаббусхои волонтёри», фаъолияти Шурои чавонон дар солхои 2013-2014, татбики сиёсати давлатии чавонон дар Точикистон, накшаи кори Шурои чавонон барои солхои 2014-2015, шомилшавии чониби Чумхурии Белорус ба хайси ташкилоти хамкор ба Шурои чавонон барраси гардиданд.
Дар чараёни кори Шурои чавонон намояндагони Точикистон (Муинова М., Миралиев К.), Казокистон (Сидиқов Н.), Киргизистон (Усенов Ж), Солошенко Е.), Россия (Епов Д.) ва Чумхурии мардумии Чин (Бо Т.) аз натичаи фаъолияти худ дар давраи солхои 2013-2014 гузоришхо пешниход намуда, бахри хадафмандона ва таъсирбахш ба рох мондани фаъолияти Шурои чавонон дар самтхои афзалиятнок таклифхои мушаххас пешниход карданд.
Дар поёни чаласаи VII-уми Шурои чавонон раисии Шурои чавонон барои давраи солхои 2014-2015 дар фазои тантанави аз чониби Точикистон ба Федератсияи Россия супорида шуд.
Бо истифода аз фурсати муносиб, намояндагони Кумита мехмонони хоричиро бо чойхои зебоманзари фарханги ва таърихии вилояти Сугд шинос намуда, ба онхо доир ба таъриху фарханг ва маънавиёти бои миллати точик маълумот доданд.
Намояндагони масъули макомоти кор бо чавонон аз давлатхои Белоруссия, Казокистон, Киргизистон, Россия ва Чин барои дар сатхи баланди ташкили баргузор гардидани чорабинихо дар хошияи Раисии Точикистон дар СХШ миннатдории худро ба Хукумати Чумхурии Точикистон иброз намуда, омодагии доимиашонро аз тахкими хамкорихо бо кишвари мо изхор намуданд.

image image image image Forum DSC_2638 DSC_3218 DSC_3191 DSC_2959 DSC_2944 DSC_2770 DSC_2722 DSC_2669 DSC_2638 Meeting_DSC_3205

Хуш омадед ба сомонаи волонтёрон!