ДИҚҚАТ! АМАЛИЁТ!
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон (АМВТ), Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон (ИТҶТ) ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон (ИҶТ) Амалиёти ҷумҳуриявиро оид ба ҷавмъоварии қоғазпораҳои кӯҳна доир менамояд.
«ДАРАХТОНРО ҲИФЗ МЕНАМОЕМ».
Ҳамарӯза аз манзилҳои истиқоматӣ ва коргоҳҳо дар тамоми манотиқи кишвари мо қоғазҳопораҳои зиёдеро мепартоянд. Мавриди истифодаи дуруст ва самараноки қоғазҳо аз тарафи ҳар яки мо, онҳоро метавон дубора истифода ва ҳазорҳо дарахтонро ҳифз намуд. Зеро коркарди як тонна қоғазкӯҳна 10 дарахтро ҳифз менамояд, 20000 лт. об, 1000 кВт қувваи барқро сарфа намуда, партови 1700 кг карбонро дар атмосфера пешгирӣ менамояд. Иштироки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон муҳим аст, чунки мушкилоти партовҳо ва истифодаи бесамари захираҳои сайёра ба ояндаи мо таъсири бевосита мерасонад.
Мақсади Амалиёт
-
Сарфаи захираҳои табиӣ (дарахтон, обҳо, қувваи барқ) аз ҳисоби дубора коркарди қоғазпораҳои кӯҳнашуда.
-
Рушди маданияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъоварии партовҳо ба таври алоҳида.