ЛОИҲА ЌОНУНИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАЃЙИРУ ИЛОВАЊО БА ЌОНУНИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН«ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ВОЛОНТЁРЇ»
Моддаи 1. Ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 19 июни соли 2013 «Дар бораи фаъолияти волонтёрї» (Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, соли 2013, №8-9, мод.652) таѓйиру иловањои зерин ворид карда шаванд:
- Дар моддаи 1:
— сархатњои якум, дуюм, чорум, шашум ва њафтум дар тањрири зайл ифода карда шаванд:
«- фаъолияти волонтёрї – фаъолияте, ки дар шакли кор ва хизматрасонї аз љониби шахсони воќеї ва њуќуќї бо тартиби муќаррарнамудаи Ќонуни мазкур дар самти бењдошти вазъи иљтимоию иќтисодї ва маънавии давлат ва љомеа ба амал бароварда мешавад;
— волонтёр – шахси воќеие, ки ихтиёран ва бо интихоби озод ваќт, кор ва малакаи худро бемузд ва ё љуброни харољот бевосита ва ё ба воситаи ташкилотњои љалбкунанда ба манфиати љомеа пешнињод менамояд;
— шањодатномаи волонтёрї – њуљљати расмие, ки тасдиќкунандаи шахсияти волонтёр мебошад;
— ташкилоти љалбкунанда – шахси њуќуќии ѓайритиљоратие, ки шахсони воќеиро барои амалигардонии фаъолияти волонтёрї бо тартиби муќаррарнамудаи Ќонуни мазкур љалб менамояд;
— маљмўи тадбирњои љамъиятї – тадбирњое, ки барои расидан ба маќсадњои муайяни манфиатбахши љомеа амалї карда мешаванд;»;
— ба сархати њаштум пас аз калимаи «варзиш,» калимаи «туризм,» илова карда шавад.
- Дар моддаи 3:
— дар сархати сеюм калимањои «љомеа ва њалли мушкилоти иљтимої» ба калимањои «љомеа, њалли мушкилоти иљтимої ва рушди фаъолияти волонтёрї» иваз карда шаванд;
— сархатњои шашум ва њафтум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«- дастгирии иштироки волонтёр дар барномањо ва лоињањои байналмилалї;
— муайян намудани маќоми њуќуќии волонтёр, ки он ба ўњдадорињо, принсипњои фаъолияти волонтёрї ва риояи муќаррароти санадњои меъёрии њуќуќии танзимкунандаи фаъолияти волонтёрї асос меёбад.».
- Ба ќисми 1 моддаи 6 сархати панљум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«- таъмини бехатарии фаъолият ва шароит барои љуброни харољот, ки љињати иљрои ўњдадорињои волонтёр заруранд;».
- Дар моддаи 7:
— дар ќисми 1:
— сархатњои якум ва шашум дар тањрири зайл ифода карда шаванд:
«- самт ва намуди фаъолияти худро озодона интихоб намояд;
— ба воситаи ташкилоти љалбкунанда ва ё бевосита аз маќомоти ваколатдори давлатї дафтарчаи волонтёрї, шањодатномаи волонтёрї ва тавсияномаеро, ки амалї намудани фаъолияти волонтёрї, таљриба ва мањорати бадастовардаашро тасдиќ мекунанд, дастрас намояд;»;
— ба сархати њафтум пас аз калимаи «мењнат» калимањои «, андоз, тандурустї, њифзи иљтимої ва суѓуртаи иљтимої» илова карда шаванд;
— сархатњои њаштум ва нуњум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«-бо нишон додани шањодатномаи волонтёрї аз наќлиёти љамъиятии шањрї ва наздишањрї, ѓайр аз таксї, , ки тартиби онро маќомоти мањаллии њокимияти давлатї муайян менамояд, бепул истифода барад;
— ба фаъолияти мењнатии бемузд машѓул шавад;»;
— ба ќисми 2 сархати якум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«- дар доираи Ќоидањои баќайдгирии шахсони хоњишманд барои машѓул шудан ба фаъолияти волонтёрї дар Љумњурии Тољикистон амал кунад;».
- Дар моддаи 8:
— сархатњои якум, њафтум ва њаштум дар тањрири зайл ифода карда шаванд:
«- ќабули волонтёронро амалї намояд;
— љуброни харољотеро (роњкиро, љойи хоб, хўрок, суѓуртаи тиббию иљтимої ва дигар), ки барои иљрои ўњдадорињои волонтёр заруранд, таъмин намояд;
— ба волонтёр дар сурати доштани собиќаи мењнатии волонтёрии на кам аз 20 соат дар як моњ барои таъмин гардидан бо дафтарчаи волонтёрї ва шањодатномаи волонтёрї тибќи муќаррароти Ќонуни мазкур муосидат намояд;»;
— дар сархати нуњум пас аз калимаи «барад» калимањои «ва мутобиќи ин сабтњо ба волонтёр маълумотнома дињад;» илова карда шаванд;
— сархати дувоздањум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«- оид ба амалисозии самтњо ва намудњои фаъолияти волонтёрї, њайат, шумора ва натиљаи фаъолияти волонтёрон ба маќомоти ваколатдори давлатї њар сол маълумот пешнињод намояд;».
- Сархати чоруми моддаи 10 дар тањрири зайл ифода карда шавад:
«- тасдиќ намудани Ќоидањои баќайдгирии шахсони хоњишманд барои машѓул шудан ба фаъолияти волонтёрї дар Љумњурии Тољикистон;».
- Дар моддаи 11:
— сархати дуюм дар тањрири зайл ифода карда шавад:
«- тањия ва барои тасдиќ ба Њукумати Љумњурии Тољикистон пешнињод намудани Ќоидањои баќайдгирии шахсони хоњишманд барои машѓул шудан ба фаъолияти волонтёрї дар Љумњурии Тољикистон;»;
— сархатњои сеюм, чорум, панљум ва шашум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«- тибќи тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба таври мутамарказ ва бо истифода аз усулњои муосири иттилоотї, аз љумла технологияи интернетї, ба ќайд гирифтан ва њамоњанг сохтани фаъолияти волонтёрии шањрвандони Тољикистон дар дохил ва хориљи кишвар, инчунин шањрвандони хориљї ва бешањрванд дар Тољикистон;
— таъсиси Шўрои миллї ва шўроњои мањаллї оид ба рушди фаъолияти волонтёрї аз њисоби намояндагони маќомоти дахлдори давлатї, ташкилотњои љамъиятї, соњибкорон, ташкилотњои байналмилалии муќими Тољикистон, муассисањои илмию таълимї ва дигар ташкилотњо;
— мониторинг ва бањодињии фаъолияти волонтёрї ва дар њолати зарурї дар доираи муќаррароти Ќонуни мазкур ќабул намудани ќарорњои дахлдор, аз љумла оид ба ќатъ намудани фаъолияти волонтёрии шахс;
— тасдиќи шакл ва намунаи дафтарчаи волонтёрї ва шањодатномаи волонтёрї;».
- Ба моддаи 14 ќисми 6 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«6. Тадбирњо оид ба рушди фаъолияти волонтёрї, аз љумла таъсиси марказњо ва фондњои волонтёрї дар мањалњо аз љониби маќомоти марказї ва мањаллии њокимияти давлатї, тавассути амалї гардонидани фармоишњои иљтимої, таъмин намудан бо бино, воситаи алоќа ва дигар њизматрасонї дар доираи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон амалї карда мешаванд.».
Моддаи 2. Ќонуни мазкур пас аз интишори расмї мавриди амал ќарор дода шавад.
Президенти
Љумњурии Тољикистон Эмомалї РАЊМОН
ш.Душанбе, 25.12.2015, №1268