Архив за месяц: Сентябрь 2016

Амалиёти эҷодӣ бар зидди экстремизм

Бо дастгирии Комиссия оиди рушди демократияи назди cафорати ИМА Лоиҳаи «Амалиёти эҷодӣ бар зидди экстремизм» дар самти пешгирии экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуб дар байни ҷавонони ноҳияҳои минтақаи Рашт амалӣ гардид.
Барои татбиқи босамари Лоиҳа аз байни ҷавонони фаъол 10 нафар волонтёрон омода гардида, ҳамчун волонётр-актёр аз рӯи сенарияҳои мавзӯӣ дар намоиши барномаҳои театрӣ иштирок намуданд.
Барномаҳои театрӣ аз 13 то 23 сентябр дар ҷамоатҳои интихобии ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш дар мавзуҳои «Доми ифротгароёни хеш», «Истисмори кӯдакон-нокомии виҷдон», «Танфурӯшӣ боиси экстремизм» ва «Экстремизм дар муҳоҷират» бо фарогирии зиёда аз 1900 нафар ҷавонон баргузор гардиданд. Дар ҷараёни театри сайёр ба иштирокдорон варақаи иттилоотӣ зери унвони «Амалиёти эҷодӣ бар зидди экстремизм» тақсим карда шуд, ки маълумотҳои тавассути барномаҳои театрӣ пешкашшударо ва умуман иттилооти зарӯриро оид ба роҳу воситаҳои шомилшавӣ ва оқибати амалҳои гуруҳҳои ифротгароӣ таъмин менамоянд.