
Дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҳамкории байни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ТҶҶ «Созандагони Ватан», Ассотсиатсия миллии волонтёрони Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон бо мақсади такмили сатҳи дониш ва малакаи субъектҳои соҳаи кор бо ҷавонон дар самти татбиқи босамари сиёсати ҷавонон, бахусус муқовимат ба падидаҳои экстремистию тундгаро ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва худогоҳӣ дар шаҳри Исфара давоми санаҳои 26 июл – 6 августи соли 2024 бо иштироки беш аз 150 нафар субъектҳои соҳаи сиёсати ҷавонон, аз ҷумла намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, шуъбаи кор бо занон ва оила, бахши дин, танзими ҷашну маросими, масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сармутахассисони кор бо дин, танзими ҷашну маросими ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, аъзои Шӯрои кор бо ҷавонон, намояндагони ТҶҶ «Созандагони Ватан», ходимони дин, раисони кумитаҳои маллаву деҳот ва дигар фаъолони ҷомеа 6 семинарҳои омӯзишии дурӯза баргузор гардиданд.

Дар машғулиятҳо мавзӯҳо, аз қабили: «Нақши ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон дар пешрафти давлат ва ҷомеа», «Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон; вазифаҳо ва уҳдадории субъектҳо дар амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон», «Фаъолият ва аҳамиятнокии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон, ҷамоатҳо ва кумитаҳои маҳаллаву деҳот: имкониятҳо ва саҳми онҳо дар татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон», «Муқовимат бо падидаҳои экстремистию тундгаро ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносӣ ва худогоҳӣ», «Роҳу усулҳои мусоидат ба иштироки фаъоли ҷавонон дар ҷараёни қабули қарорҳо дар сатҳи маҳал» ва ғайра мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода шуданд.

Дар чорабинии мазкур коршиносон — доктори илмҳои сиёсӣ, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИМ ҲХДТ, Миралиён Қиёмиддин ва мутахассис-машвартачии самти кор бо ҷавонон, Нурмуҳаммад Сафолов ба иштирокчиёни семинар омӯзишҳоро бо усули интерактивии таълим пешниҳод намуданд.
Бешубҳа ташкилу баргузор намудани чунин чорабиниҳо барои беҳтар гардидани маърифати ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мусоидат менамояд. Иштирокдорони семинари омӯзишӣ аз баргузории чунин чорабинӣ тааасуроти хуб гирифтанд ва миннатдории хешро ба ташкилкунандагони он баён намуданд.

Дар ҷараёни семинарҳо аз сатҳи иштирок ва шавқмандии иштирокчиён маълум гардид, ки дар воқеъ масъалаҳои баррасишуда саривақтӣ буда, ба масъулони соҳа, аз ҷумла кормандони ҷамоатҳо ва раисони кумитаҳои маҳалла хуш пазируфта шуд. Дархост карда шуд, ки ҷунин семинарҳои пурмуҳтавон ва равон то ба сатҳи кумитаҳои маҳалла ва деҳот, яъне дар байни сокинон низ, доир карда шаванд, то инки фаъолнокии онҳо дар ҷорабинияҳои ҷамъиятӣ ва маърифати сиёсию ҳуқуқии онҳо ташаккул ёбад.