Оғози лоиҳаи «Баланд бардоштани малака ва дониши субъектҳои дахлдори давлатӣ ва ҷамъиятии кор бо ҷавонон», ки дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Исфара, ноҳияҳои Б.Ғафуров, Рушон, Лахш, Фархор, Панҷ ва Носири Хусрав татбиқ мегардад.

Семинари мазкур дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади такмили сатҳи дониш ва малакаи субъектҳои соҳаи кор бо ҷавонон дар самти татбиқи босамари сиёсати ҷавонон, бахусус муқовимат бо падидаҳои экстремистию тундгаро ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва худогоҳӣ бо ҷалби намояндагии гурӯҳҳои гуногун аз ҳамаи ҷамоатҳои шаҳри Исфара давоми 12 рӯз баргузор мегардад.
Дар ҷараёни ин семинари омӯзишӣ намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, аъзои Шӯрои кор бо ҷавонон, намояндагони ТҶҶ «Созандагони Ватан», бахшҳои кор бо занон, комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак, шуъбаҳои дин, танзими ҷашну маросим, ходимони дин, масъулони ҷамоатҳо ва раисони кумитаҳои (шӯроҳои) маҳалла ва деҳот (фаъолони маҳал) иштирок менамоянд. Дар натиҷаи ин омӯзиши даврӣ дар назар аст, ки фаъолияти ташкилоту муассисаҳои ва иттиҳодияҳои самти кор бо ҷавонон, аз ҷумла ҷамоатҳо ва кумитаҳои маҳаллаву деҳот дар соҳаи татбиқи босамари сиёсати ҷавонон, бахусус муқовимат бо падидаҳои экстремистию тундгаро ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва худогоҳӣ беҳтар мегардад. Зимнан, аз ин ниҳодҳо таҳия ва амалисозии лоиҳаҳо ва барномаҳои гуногуни соҳавии ба тарбияи фарогири ҷавонон ва дастгирии онҳо ҷиҳати ташаккулёбӣ ва дарёфти мавқеи муносиб ва устувори худ дар ҷомеа тақозо мегардад