Оғози семинарҳои омӯзишӣ дар ш.Душанбе

9-10 августи соли 2024 дар шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкории байни Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва Барномаи рушди СММ семинарҳои омӯзишӣ баргузор гардиданд.

Боиси зикр аст, ки семинарҳои мазкур дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани малака ва дониши субъектҳои дахлдори давлатӣ ва ҷамъиятии кор бо ҷавонон» дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Исфара, ноҳияҳои Б.Ғафуров, Рушон, Лахш, Фархор, Панҷ ва Носири Хусрав амалӣ гардида истодааст.

Хуш омадед ба сомонаи волонтёрон!