Дар ноҳияи Б.Ғафуров санаҳои 19-20 августи соли 2024 семинари омӯзишӣ доир гардид.
Дар натиҷаи ин омӯзиши даврӣ дар назар аст, ки фаъолияти ташкилоту муассисаҳои ва иттиҳодияҳои самти кор бо ҷавонон, аз ҷумла ҷамоатҳо ва кумитаҳои маҳаллаву деҳот дар соҳаи татбиқи босамари сиёсати ҷавонон, бахусус муқовимат бо падидаҳои экстремистию тундгаро ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва худогоҳӣ беҳтар мегардад. Зимнан, аз ин ниҳодҳо таҳия ва амалисозии лоиҳаҳо ва барномаҳои гуногуни соҳавии ба тарбияи фарогири ҷавонон ва дастгирии онҳо ҷиҳати ташаккулёбӣ ва дарёфти мавқеи муносиб ва устувори худ дар ҷомеа тақозо мегардад.









