Омӯзишҳо дар ноҳияи Рушон

Дар ноҳияи Рушон дар доираи ҳамкории байни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва Барномаи рушди СММ семинарҳои омӯзишӣ оғоз гардиданд. Семинари мазкур дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади такмили сатҳи дониш ва малакаи субъектҳои соҳаи кор бо ҷавонон дар самти татбиқи босамари сиёсати ҷавонон, бахусус муқовимат бо падидаҳои экстремистию тундгаро ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва худогоҳӣ бо ҷалби намояндагии гурӯҳҳои гуногун аз ҷамоатҳои ноҳияи Рушон давоми 4 рӯз баргузор гардид.

Хуш омадед ба сомонаи волонтёрон!