УСУЛҲОИ МУОСИРИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗУ ХУРОФОТГАРОӢ ДАР БАЙНИ ҶАВОНОН

Аз азал дар баробари рушду пешрафти ҷомеа ва падидаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ, ҳамчунин омилҳои хатарзо арзи ҳастӣ кардаанд ва дар шаклу усулҳои гуногун ба миён омадаанд. Аммо бо гузашти вақти он симои худро тағйир дод, аз ҷумла дар охири асри ХХ терроризм ва экстремизм ба зуҳуроти хавфбарангези умумибашарӣ табдил ёфт.

Дар робита ба ин экстремизм яке аз ҷиноятҳои хавфнок арзёбӣ мегардад. Зимнан, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» мафҳуми экстремизм шарҳ дода шудааст: «Экстремизм – ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст».

Тибқи мушоҳидаҳо тайи солҳои охир амалҳои террористиву экстремистӣ симои нав касб карда, боз ҳам даҳшатноек бераҳм гардида, паёмадҳои хатарафзоро ба маҷрои зиндагии мардум ва асосҳои давлатдории кишварҳои ҷаҳон ба вуҷуд оварда истодаанд.

Бо дар назардошти чунин вазъият, ки ба амнияту оромии ҳар як кишвар таъсири манфӣ мерасонад, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти мамлакат дар радифи дигар масъалаҳои муҳими ҷомеа доир ба мубориза ба зуҳуроти манфӣ, аз ҷумла терроризм ва экстремизм пайваста ҳидоятҳо медиҳанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 апрели соли 2002 чунин таъкид намуданд: «Мехоҳам таваҷҷуҳи Шуморо ба масъалаҳое ҷалб созам, ки зарурати ҳалли онҳоро ҳаёт беш аз пеш тақозо менамояд. Ин масъалаҳои ҳалталаб терроризми байналмилалӣ ва экстремизм дар ҳамаи шаклҳо зуҳуроти онҳо мебошанд. Дар баробари ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сохти конститутсионӣ ва истиқлолияти кишвар мубориза бар зидди ин зуҳуроти фалокатбор вазифаи муҳимтарини ҳар як сохтори давлатӣ ва тамоми ҷомеа гардидааст. Таҳлили таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар давоми солҳои 70 — 80-уми асри гузашта баъзе мамлакатҳо ба арсаи амалиёти ҷинояткоронаи дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ табдил ёфтаанд. Дар амали чунин дастаҳо ва гурӯҳҳо самти дақиқи террористию даҳшатафканӣ ба назар мерасид. Мо хеле барвақт диққати ҷомеаи ҷаҳонро ба ин проблема ҷалб карда, ҳанӯз дар Вена дар Конгресси даҳуми Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирӣ намудани ҷинояткории трансмиллӣ мафҳуми дақиқ ва фарогири терроризмро пешниҳод намуда будем. Вале на созмонҳои байналмилалӣ ва на кишварҳои гуногун то ҳол ба мафҳуми терроризм назари ягона надоранд».

Воқеан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои муқовимат бо экстремизм ва терроризм, ки имрӯз хусусияти умумиҷаҳонӣ пайдо кардаанд, на танҳо дар дохили кишвар балки берун аз он низ пайваста изҳори назар менамоянд ва барои бартараф кардани онҳо ҳамкориҳои байнидавлтию байналмилалиро тақозо карда истодаанд.

Тибқи таҳлили коршиносон терроризм яке аз воситаҳои амалӣ кардани мақсадҳои сиёсии гурӯҳҳои муташаккил мебошад, ки онҳо бо ин роҳ мехоҳанд ҷуғрофияи иқтисодию сиёсии сайёраро ба манфиати худ мувофиқ созанд. Мақсади асосии терроризми байналхалқӣ дар ин ё он давлат сарнагун кардани низомҳои конститутсионӣ ва барпо кардани ақидаҳои иртиҷоии ҷаҳолатпеша ва бештар ба идеологияи носолим асосёфта мебошад.

Мутаасифона дар баробари хатарҳои мудҳишу манфури терроризм, ки дар ҷаҳони муосир афзоиши хатари байналхалқии он бештар гардидааст, проблемаи дигари он, ки боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳони гардидааст, ин бо шиорҳои бофтаю сохтаи исломӣ пардапӯш гардидани ин падида мебошад. Бо вуҷуди он, ки дини ислом бо терроризм ва экстремизм ягон робитае надорад ва баръакс зидди ин зуҳуроти хатарнок нигаронида шудааст, вале гурӯҳхои манфиатҷӯ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ, аз он сӯиистифода мекунанд.

Боиси зикр аст, ки Ислом, ин таслим шудан, қабул доштани ягонагии Худованд ва Офардигори осмонҳову замин ва он чӣ дар ин ду миён аст, будани Ӯ мебошад. Дини мубини Ислом бар боварӣ, эътиқоди фард ба Худованд асос ёфта, шахсро ба роҳи рост, ­— бидуни ҳокимиятхоҳӣ, ҳукмфармоӣ бар (идоракунии) дигарон, маҷбурсозӣ / зуроварӣ ва дигар амалҳои худситоишӣ — равона месозад.

Чуноне ки Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ бисёр барҷо мегӯяд:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст дар мусалмонии мост.

Инчунин, сиёсат ифодакунандаи муносибатҳои мутақобилаи ҷамъият тавассути мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва андешидани тадбирҳои идеологӣ мебошад.

Ҳамин тариқ, дини Ислом, ки доштани ҳудуд, миллат, низоми идоракунии хос, сиёсати идеологӣ, ҳокимиятдорӣ ва дигар амалҳои худситоишдиҳандаро талқин намесозад, ба сиёсат ҳамбаста намебошад

Илова бар ин, дар асри илму техникаи иттилоотӣ ва муосир рӯйи кор омадани воситаҳои гуногуни техникию технологӣ ва дастрасии оммаи васеи мардум гардидани онҳо дар баробари пешравиҳо, мутаасифона, икмониятҳои доманпаҳнкунии омилҳои хатарафзоро низ, бештар кард. Албатта, ин маънои онро надорад, ки истифодаи онро қатъ кунем; баръакс дар шароити ҷаҳонишавӣ зарур аст, ки ҳамқадами ҷомеаи муосир бошем ва рӯи истифодаи самараноки шабакаи Интернет, ҳамзамон дурӣ ҷустан аз маводҳои муғризона чораандеш бошем.

Тибқи мушоҳидаҳо тариқи Интернет ва шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ гурӯҳе аз ҷавонони заифиродаву ноогоҳ ба доми ниҳодҳои экстремистӣ афтида, роҳи хиёнат ба Ватанро пеша менамоянд, ки нигароникунанда аст.

Таҳлилҳо бар он гувоҳанд, ки терроризм ва экстремизм дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа, махсусан ҷавонон яке аз омилҳои меҳварии ҳаёти башарият буда, оқибат бесуботӣ, нооромӣ ва вайронкорӣ меорад. Новобаста аз он ки солҳои охир корҳои фаҳмондадиҳӣ зиёд гардидааст ва то андозае шумораи шахсоне, ки ноогоҳона нияти шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоиро доранд, коҳиш ёфтааст, аммо ҳоло ҳам хатарнокиии ин зуҳуроти манфӣ ҷой дорад, зеро ҳамарӯза роҳу усулҳои гуногунро пеша карда истодаанд.

Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 таъкид намуданд: «Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст. Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонанд. Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд. Аз ин лиҳоз, сохтору мақомоти марбутаро зарур аст, ки дар роҳи ташвиқу тарғиби тундгароии динӣ садди устувор гузошта, ҷавононро ба ҳушёриву зиракӣ ҳидоят кунанд ва онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд».

Воқеан чунин таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат шаҳодат аз он медиҳанд, ки мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм вазифаи тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мёбошад. Аммо новбаста аз ин Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бар зидди терроризм ва эктремизм қарор дошта, онро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва ҷаҳон медонад.

Боиси зикр аст, ки ҳифзу нигаҳдошти тинҷию осудагии ҷомеа ва дур будани шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонону наврасон аз амалу кирдорҳои номатлуб, хусусан терроризму экстремизм ва сатҳи огоҳии онҳо аз оқибатҳои ногувору даҳшатбори он, барои ҳар фард, аз ҷумла масъулини ниҳодҳои қудратӣ мебояд дар мадди аввал бошад. Зеро рушд ва нуфузи ҳар як кишвар дар арсаи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, ба он вобаста аст, ки ҷавонон то чӣ андоза дорои маърифати сиёсиву фарҳангӣ ва ихтисосу дониши муосир мебошанд

Дар доираи нуктаҳои болозикр ҳамчун механизми муосири таълиму тарбия дар давраи санаҳои 30 август – 5 октябри соли 2024 дар ноҳияҳои Фархор, Панҷ ва Носири Хусрав дар доираи ҳамкории байни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти ҷавонон «Созандагони Ватан» ва Барномаи рушди СММ семинарҳои омӯзишии дурӯза доир мегарданд.

Боиси зикр аст, ки семинари мазкур дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади такмили сатҳи дониш ва малакаи субъектҳои соҳаи кор бо ҷавонон дар самти татбиқи босамари сиёсати ҷавонон, бахусус муқовимат бо зуҳуроти экстремистию тундгаро ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва худогоҳӣ бо ҷалби намояндагии гурӯҳҳои гуногун баргузор мегардад.

Дар ҷараёни ин семинари омӯзишӣ намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, аъзои Шӯрои кор бо ҷавонон, намояндагони ТҶҶ «Созандагони Ватан», бахшҳои кор бо занон, комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак, шуъбаҳои дин, танзими ҷашну маросим, ходимони дин, масъулони ҷамоатҳо ва раисони кумитаҳои (шӯроҳои) маҳалла ва деҳот (фаъолони маҳал) иштирок менамоянд. Мавзӯъҳои семинар «Роҳнамо дар бораи пешгирӣ аз экстремизм, офиятбахшӣ ва реинтегратсияи шахсони бозгашта аз минтақаҳои задухӯрдҳои мусаллаҳона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро низ, ба асос гирифтааст.

Иброз мебояд кард, ки семинари мазкур лоиҳаи «Баланд бардоштани малака ва дониши субъектҳои дахлдори давлатӣ ва ҷамъиятии кор бо ҷавонон» дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Исфара, ноҳияҳои Б.Ғафуров, Рушон, Лахш, Фархор, Панҷ ва Носири Хусрав амалӣ гардида истодааст.

Дар натиҷаи ин омӯзиши даврӣ дар назар аст, ки фаъолияти ташкилоту муассисаҳои ва иттиҳодияҳои самти кор бо ҷавонон, аз ҷумла ҷамоатҳо ва кумитаҳои маҳаллаву деҳот дар соҳаи татбиқи босамари сиёсати ҷавонон, бахусус муқовимат бо падидаҳои экстремистию тундгаро ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва худогоҳӣ беҳтар мегардад. Зимнан, аз ин ниҳодҳо таҳия ва амалисозии лоиҳаҳо ва барномаҳои гуногуни соҳавии ба тарбияи фарогири ҷавонон ва дастгирии онҳо ҷиҳати ташаккулёбӣ ва дарёфти мавқеи муносиб ва устувори худ дар ҷомеа тақозо мегардад.

Пайшанбиева Давлатхотун,

Рӯзноманигор, мутахассиси соҳаи кор бо ҷавонон 

Хуш омадед ба сомонаи волонтёрон!