Дар ноҳияи Н.Хусрав санаҳои 13-14 сентябри соли 2024 семинари омӯзишӣ доир гардид.
Боиси зикр аст, ки семинари мазкур дар доираи ҳамкории байни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти ҷавонон «Созандагони Ватан» ва Барномаи рушди СММ ва дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади такмили сатҳи дониш ва малакаи субъектҳои соҳаи кор бо ҷавонон дар самти татбиқи босамари сиёсати ҷавонон, бахусус муқовимат бо зуҳуроти экстремистию тундгаро ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва худогоҳӣ бо ҷалби намояндагии гурӯҳҳои гуногун баргузор мегардад.
Дар натиҷаи ин омӯзиши даврӣ дар назар аст, ки фаъолияти ташкилоту муассисаҳои ва иттиҳодияҳои самти кор бо ҷавонон, аз ҷумла ҷамоатҳо ва кумитаҳои маҳаллаву деҳот дар соҳаи татбиқи босамари сиёсати ҷавонон, бахусус муқовимат бо падидаҳои экстремистию тундгаро ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва худогоҳӣ беҳтар мегардад. Зимнан, аз ин ниҳодҳо таҳия ва амалисозии лоиҳаҳо ва барномаҳои гуногуни соҳавии ба тарбияи фарогири ҷавонон ва дастгирии онҳо ҷиҳати ташаккулёбӣ ва дарёфти мавқеи муносиб ва устувори худ дар ҷомеа тақозо мегардад.
Иброз мебояд кард, ки семинари мазкур лоиҳаи «Баланд бардоштани малака ва дониши субъектҳои дахлдори давлатӣ ва ҷамъиятии кор бо ҷавонон» дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Исфара, ноҳияҳои Б.Ғафуров, Рушон, Лахш, Фархор, Панҷ ва Носири Хусрав амалӣ гардида истодааст.














