Дар ноҳияи Панҷ санаҳои 4-5 октябри соли 2024 семинари омӯзишӣ доир гардид ва бо ҳамин семинарҳо дар ин ноҳия анҷом ёфтанд.
Дар натиҷаи ин омӯзиши даврӣ дар назар аст, ки фаъолияти ташкилоту муассисаҳои ва иттиҳодияҳои самти кор бо ҷавонон, аз ҷумла ҷамоатҳо ва кумитаҳои маҳаллаву деҳот дар соҳаи татбиқи босамари сиёсати ҷавонон, бахусус муқовимат бо падидаҳои экстремистию тундгаро ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва худогоҳӣ беҳтар мегардад. Зимнан, аз ин ниҳодҳо таҳия ва амалисозии лоиҳаҳо ва барномаҳои гуногуни соҳавии ба тарбияи фарогири ҷавонон ва дастгирии онҳо ҷиҳати ташаккулёбӣ ва дарёфти мавқеи муносиб ва устувори худ дар ҷомеа тақозо мегардад.









