Муколама дар ш.Бохтар

Имрӯз, 16.05.2025 дар шаҳри Бохтар мутобиқи Нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба рушди ҳамкории мутақобилаи милитсия ва ҷавонон ҷиҳати таҳкими муттаҳидӣ ва қобилияти устувори иҷтимоӣ дар сатҳи маҳал муколама доир гардид.

Бояд тазаккур дод, ки ин чорабиниҳо дар доираи “Лоиҳаи ҳамкории мутақобилаи милитсия ва ҷавонон ҷиҳати таҳкими муттаҳидӣ ва қобилияти устувори иҷтимоӣ дар сатҳи маҳал”, ки аз ҷониби ВКХ Канада ва Барномаи рушди СММ маблағгузорӣ мегардад, дар навбати аввал шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Истаравшан, Рӯдакӣ ва Нуробод амалӣ мегарданд.

Хуш омадед ба сомонаи волонтёрон!