Рудакӣ: Мулоҳизаҳо / Outcomes

Мулоҳизаҳо оид ба натиҷаҳои семинарҳои омӯзишӣ дар доираи «Лоиҳаи таҳкими ҳамкориҳои мутақобилаи милитсия ва ҷавонон» нишон медиҳад, ки семинарҳои омӯзишӣ муфид буда, ба беҳтар намудани ҳамкориҳои милитсия ва ҷавонон, инчунин ба баланд бардоштани ҳамкории иҷтимоӣ ва устуворӣ дар сатҳи маҳаллӣ кӯмак мекунанд. Ин лоиҳа ба рушди муносибатҳои самарабахш бо ҷавонон равона шуда, нақши муҳими милитсияро дар ташаккули ҷомеаҳои устувор ва бомаърифат инъикос менамояд.


Outcomes regarding the results of trainings within the framework of the «Fostering police interaction with youth to enhance social cohesion and resilience at the local level» indicate that the training seminars are beneficial and contribute to improving cooperation between law enforcement and youth, as well as enhancing social cooperation and sustainability at the local level. This initiative aims to cultivate effective relationships with young people, underscoring the pivotal role of law enforcement in fostering stable and educated communities.


Сурхаков Миралӣ,  нозири минтақавии маҳаллаи Чортут:

“…пас аз ин семинари омӯзишӣ фаъолияти муттаҳидсозии ҷавонон аз ҳудуди маъмурӣ оғоз менамоям, чунки дар шароити имрӯзаи мо танҳо ҷавонон қувваи ҳаракатдиҳанда ва пешбаранда ба ҳисоб мераванд”

Шарипова Шаҳло, ҷонишини директори коллеҷи омӯзгории н.Рӯдакӣ:

ин семинар хеле муфид буд ва иштирокчиёни он ғизои маънавӣ ва таҷрибаи арзанда дар самти ҳамкорб бо милитисия гирифтанд, қолаби куҳнашудаи “тарс”, ки аз гузаштаи начандон дур ба мо мерос монда буд, бардошта шуд

Ҷӯраева Туҳфа, омӯзгори ҷавон:

“… чунин чорабиниҳои дар миёни занон низ гузаронида шаванд, зеро модар дар тарбияи фарзанд нақши калидӣ дорад ва бояд масъулияти худро ҷиддӣ дарк намояд, дар самти тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ҳуқуқӣ бошад, бо кормандони милитсия ҳамкории зич бояд намуд”

Одилов Тоҳир, роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард” дар н.Рӯдакӣ: “… ба ростӣ моро аз кӯдакӣ як тарзе тарбия мекунанд, ки аз корманди милитсия бояд тарс дошта бошем, дар асл бошад, чуноне ки аз моҳияти омӯзиши имрӯза бармеояд ва ё чун ба масъулият расидем, донистем, ки мо бояд ҳангоми корманди ҳифзи ҳуқуқро дидан, на тарс балки умед, оромиро эҳсос кунем ва руҳбаланд гардем… ”

Хуш омадед ба сомонаи волонтёрон!