1-2 июли с.2025 табодули таҷрибаи (сафари омӯзишии) дурӯзаи кормандони милитсия ва фаъолҷавонони ноҳияи РӮДАКӢ ба ноҳияи НУРОБОДбаргузор гардид.
Сафари мазку бо мақсади омӯзиши роҳу усулҳо ва таҷрибаи пешрафта дар самти ҳамкории милитсия ва ҷавонон бо иштироки 16 нафар кормандони милитсия (8 наф.) ва ҷавонони фаъол (8 наф.) аз ноҳияи Рӯдакӣ доир гардид.
Бояд тазаккур дод, ки ин чорабиниҳо дар доираи “Лоиҳаи ҳамкории мутақобилаи милитсия ва ҷавонон ҷиҳати таҳкими муттаҳидӣ ва қобилияти устувори иҷтимоӣ дар сатҳи маҳал”, ки аз ҷониби ВКХ Канада ва Барномаи рушди СММ маблағгузорӣ мегардад, дар навбати аввал шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Истаравшан, Рӯдакӣ ва Нуробод амалӣ мегарданд.











