Ташаббусҳои маҳаллӣ: Рӯдакӣ, 05.07.2025

Санаи 5 июли соли 2025 дар ноҳияи Рӯдакӣ дар доираи ҳамкории байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мутобиқи Нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба рушди ҳамкории мутақобилаи милитсия ва ҷавонон ҷиҳати таҳкими муттаҳидӣ ва қобилияти устувори иҷтимоӣ дар сатҳи маҳал Аксияи муштараки кормандони милитсия ва ҷавонон зери унвони ВАРЗИШ — ПАЙВАНДГАРИ ҶОМЕА ВА МИЛИТСИЯ доир гардид.

Бояд тазаккур дод, ки ин чорабиниҳо дар доираи “Лоиҳаи ҳамкории мутақобилаи милитсия ва ҷавонон ҷиҳати таҳкими муттаҳидӣ ва қобилияти устувори иҷтимоӣ дар сатҳи маҳал”, ки аз ҷониби ВКХ Канада ва Барномаи рушди СММ маблағгузорӣ мегардад, дар навбати аввал шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Истаравшан, Рӯдакӣ ва Нуробод давоми моҳҳои апрел-августи соли 2025 амалӣ мегарданд.

Ҳадафи Лоиҳаи мазкур ба якчанд самт равона гардидааст, аз ҷумла: — таҳлилу омӯзиши вазъи ҳамкории милитсия ва ҷавонон; — таҳияи дастурамал ва барномаи омӯзишӣ (таълимӣ) дар самти рушди ҳамкории мутақобилаи милитсия ва ҷавонон; — баргузории семинарҳо оид ба такмили дониш ва малакаи субъектҳои сиёсати ҷавонон ва сохторҳои алоқаманди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи босамари сиёсати ҷавонон, бахусус муқовимат бо падидаҳои экстремистию тундгаро ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва худогоҳӣ, ҳамкории ҷавонон бо мақомоти милитсия; — ташкил ва баргузории муколамаи ҷамъиятӣ бо иштироки гурӯҳҳои мақсаднок ҷиҳати мусоидат ба таҳкими ҳамкории мутақобилаи милитсия ва ҷавонон; — табодули таҷриба (сафарҳои омӯзишӣ) байни ноҳияҳои интихобшуда оид ба омӯзиши роҳу усулҳои пешрафта дар самти ҳамкории милитсия ва ҷавонон.

То имрӯз аксари вазифаҳои гузошташуда амалӣ шуданд, ки албатта натиҷаи онҳо пайгирӣ шуда, ин самти фаъолият боз ҳам тақвият бахшида мешавад.

Ташаббуси мазкур дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тарбияи насли ҷавонон ҳамчун василаи муқовимат ба таҳдидҳои берунӣ ва гурӯҳҳои ифротию тундгаро ва таҳкими ҳамкории милитсия ва ҷавонон ва дар асоси Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (рушди сармояи инсонӣ), Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 (ҳамкории милитсия бо ҷомеа), Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 роҳандозӣ гардида, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро дар шаҳру ноҳияҳои интихобшуда, аз ҷумла намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои ВКД, бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш ва гурӯҳи (маҳфили) ҷамъиятии ҷавонон «Авангард» масъулони ҷамоатҳо ва деҳотро (фаъолони маҳалро) ҳамчун субъект, яъне гурӯҳҳои мақсадӣ фаро мегирад.

Рушди сармояи инсонӣ ҳамчун ҳадафи афзалиятноки Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муттаҳидӣ, ҳамгироӣ ва ҳамкории гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз ҷумла ҷавононро, ки қисми ҷудонопазир ва қишри асосии ҷомеа ба ҳисоб мераванд, бо дигар бахшҳои идоракунӣ, бахусус милитсия – ҳомии ҷомеа тақозо менамояд. Аз ин рӯ, андешидани тадбирҳо баҳри ҳамкории мутақобилаи милитсия ва ҷавонон ҷиҳати таҳкими муттаҳидӣ ва қобилияти устувори иҷтимоӣ дар сатҳи маҳал, зимнан тақвият бахшидани иштироки ҷавонон дар таъмини бехатарии ҷомеаи шаҳрвандӣ зарурати мубрам дорад.

Хуш омадед ба сомонаи волонтёрон!