Табодули таҷриба (сафари омӯзишӣ) ба н.Рӯдакӣ

5-6 июли с.2025 табодули таҷрибаи (сафари омӯзишии) дурӯзаи кормандони милитсия ва фаъолҷавонони шаҳри ИСТАРАВШАН ба ноҳияи РӮДАКӢ баргузор гардид.

Сафари таҷрибаомӯзии мазкур, ки дар доираи “Лоиҳаи ҳамкории мутақобилаи милитсия ва ҷавонон ҷиҳати таҳкими муттаҳидӣ ва қобилияти устувори иҷтимоӣ дар сатҳи маҳал”, ки аз ҷониби ВКХ Канада ва Барномаи рушди СММ маблағгузорӣ мегардад, амалӣ гардид.

Мақсад ин омӯзиши роҳу усулҳо ва таҷрибаи пешрафта дар самти ҳамкории милитсия ва ҷавонон бо иштироки 16 нафар кормандони милитсия (8 наф.) ва ҷавонони фаъол (8 наф.) аз шаҳри Истаравшан мебошад.

Дар рӯзи якуми сафар ҳамоиш доир гардида, ба иштирокчиён оид ба роҳу усулҳо ва таҷрибаи пешрафтаи н.Рӯдакӣ дар самти ҳамкории милитсия ва ҷавонон дар шакли рӯнамо (презентатсия) маълумот дода шуд.  

Дар рӯзи дуюм, сайёҳати меҳмонон ба мавзеъҳои сайёҳӣ, фарҳангӣ ва таърихии маҳал ташкил карда шуд, ки барои таҳкими ҳувияти миллӣ ва боз ҳам наздик гардонидани милитсия бо ҷавонон мусоидат менамояд.

Хуш омадед ба сомонаи волонтёрон!