Санаи 18 июли соли 2025 дар шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкории байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон ва Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон мутобиқи Нақшаи чорабиниҳои муштарак вобаста ба натиҷагирӣ аз “Лоиҳаи ҳамкории мутақобилаи милитсия ва ҷавонон ҷиҳати таҳкими муттаҳидӣ ва қобилияти устувори иҷтимоӣ дар сатҳи маҳал” мизи мудаввар доир гардид.
Дар кори мизи мудаввар Бухоризода Мансур, роҳбари Дастгоҳи ВКД ҶТ, Ҷураева Зарина, Менеҷери Лоиҳа дар Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон, Ҷумахонов Анушервон, Умарҷони Эмомалӣ, муовини якуми сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД, Ёвари Лоиҳа дар Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон, Миралиён Қиёмиддин, роҳбари Лоиҳа, ҳамчунин 40 нафар кормандони милитсия ва фаъолҷавонон — намояндагони гурӯҳҳои мақсадӣ аз шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Истаравшан, Нуробод ва Рӯдакӣ иштирок каранд.
Ҷураева Зарина зимни сухани ифтитоҳӣ вобаста ба ҳадафҳои Лоиҳаи БРСММ дар Тоҷикистон, муваффақиятҳои Лоиҳаи ҳамкории мутақобилаи милитсия ва ҷавонон ва азми васеъ кардани он дар оянда ибрози ақида намуд.
Умарҷони Эмомалӣ низ, атрофи аҳамиятнокии Лоиҳа изҳори назар намуда, боз ҳам тақвият додани ҳамкориҳоро тақозо намуд.
Бухоризода Мансур оид ба таърих, ҳадаф, вазифаҳо ва дурнамои Лоиҳа, ҳамчунин тавсияҳо оид ба ҳамкории мутақобилаи милитсия ва ҷавонон ҷиҳати таҳкими муттаҳидӣ ва қобилияти устувори иҷтимоӣ дар сатҳи маҳал баромад намуда, ҷоннок намудани фаъолиятро байни кормандони милитсия ва ҷавонон вазифагузорӣ намуд.
Миралиён Қиёмиддин оид ба натиҷагирӣ вобаста ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба ҳамкории мутақобилаи милитсия ва ҷавонон ҷиҳати таҳкими муттаҳидӣ ва қобилияти устувори иҷтимоӣ дар сатҳи маҳал баромад намуд.
Ҳамчунин, Саидов Диёрбек- роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Авангард» дар шаҳри Истаравшан, Қурбонов Акмал-роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Авангард» дар шаҳри Бохтар, Сарбозов Беҳруз — роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Авангард» дар н.Нуробод ва Одилов Тоҳир- роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Авангард» дар н.Рӯдакӣ баромад намуда, таассуроти худро вобаста ба натиҷанокӣ ва аҳамиятнокии Лоиҳа иброз намуда, тамдиди Лоиҳаро то ба сатҳи ҷамоатҳо пешниҳод намуданд.
Дар интиҳои мизи мудаввар ғолибони озмуни «Мақолаи беҳтарин» ва иштирокчиёни фаъоли Лоиҳа бо туҳфаҳои таъсиснамудаи масъулон ва дипломҳо қадрдонӣ гардиданд.
Бояд тазаккур дод, ки ин чорабиниҳо дар доираи “Лоиҳаи ҳамкории мутақобилаи милитсия ва ҷавонон ҷиҳати таҳкими муттаҳидӣ ва қобилияти устувори иҷтимоӣ дар сатҳи маҳал”, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Канада, Барномаи рушди СММ ва дигар шарикони иҷтимоӣ дастгирӣ ёфтаанд, амалӣ мегарданд.
Лоиҳаи мазкур шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Истаравшан, Рӯдакӣ ва Нурободро ҳамчун минтақаҳои интихобӣ фаро гирифта, давоми моҳҳои апрел-июли соли 2025 дар ин минтақаҳо 20 номгӯи чорабиниҳо амалӣ гардонида шуданд.
Аз ҷумла, бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи кор бо ҷомеа байни 40 нафар кормандони милитсия ва 80 нафар фаъолҷавонони маҳал семинарҳои омӯзишӣ баргузор гардиданд, ки дар ин ҳошия низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқувайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон, иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии экстремизми хушунатомез ва ғайра мавриди омӯзиш қарор дода шуданд.
Ҳамзамон, ҷиҳати боз ҳам наздик шудани корманди милитсия бо ҷомеа ва ҷавонон ва дарёфти роҳу усулҳои муосири таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва фаъолсозии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт моҳҳои май-июни соли ҷорӣ бо иштироки беш аз 120 нафар кормандони милитсия ва фаъолҷавонон муколамаҳои ҷамъиятӣ доир гардиданд.
Мусаллам аст, ки дар ҳар минтақа вобаста ба тарзи зист, анъана ва урфу одатҳои маҳал усулҳои муносиби ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеа ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, бахусус пешгирии экстремизм ва тундгароӣ ба роҳ монда мешавад. Зимнан, дар доираи Лоиҳа байни минтақаҳои интихобӣ сафарҳои таҷрибаомӯзии кормандони милитсия ва фаъолҷавонон байни минтақаҳои интихобӣ ба роҳ монда шуд. Дар баробари ин, бо мақсади таҳкими ҳувияти миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ, шиносоии иштирокчиён аз дастовардҳои милии фарҳангӣ, таърихӣ ва дигар мавзеъҳои сайёҳӣ амалӣ гардонида шуд.
Ибтикороти муҳиме, ки дар доираи Лоиҳа боиси таваҷҷуҳи омма гардид, ин ташаббусҳои маҳаллӣ мебошанд, ки онҳо дар ду шакл (1) тозакунии атроф ва (2) бозиҳои варзишӣ роҳандозӣ гардиданд. Дар ҳамин асно дар шаҳрҳои Бохтар ва Истаравшан ҳар рӯзи якшанбеи ҳафта Аксияи “Шаҳри тоза ва сабз” ташкил карда шуд, ки садҳо нафар, аз ҷумла ҷавонони маҳал ва кормандони милитсия якҷо ҷойҳои ҷамъиятиро аз партовҳо ва алафҳои бегона тоза намуданд. Ҳамзамон, дар ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Нуробод зери унвони “Варзиш – пайвандгари ҷомеа ва милитсия” бозиҳои варзишии намуди футбол, волейбол ва шашка бо иштирок ва ҳавасмандии фаъоли ҷавонони маҳал ва кормандони милитсия баргузор гардиданд.
Дар умум ҳадафҳо ва вазифаҳои пешгузоштаи Лоиҳа мутаносибан амалӣ гардиданд, ҳамчунин барои таҳкими ҳамкории мутақобилаи кормандони милитсия ва ҷавонон маводҳои таҳлилӣ ва дастурӣ омода ва дастрас карда шуданд, ки барои тақвияти кор дар оянда мусоидат менамоянд. Зимнан, аз ҷониби иштирокчиён пешниҳод карда шуд, ки амалисозии чунин ташаббусҳо бо фарогирии муҳлати давомдор ва минтақаҳои дигари кишвар роҳандозӣ карда шавад.
Бояд тазаккур дод, ки ташаббуси мазкур дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тарбияи насли ҷавонон ҳамчун неруи пуриқтидор дар самти муқовимат бар таҳдидҳои берунӣ ва гурӯҳҳои ифротию тундгаро ва таҳкими ҳамкории милитсия ва ҷавонон роҳандозӣ гардид. Ҳамчунин, ҳадафҳои Лоиҳа ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (бахши рушди сармояи инсонӣ), Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 (бахши ҳамкории милитсия бо ҷомеа), Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 асос меёбад.






















