Барномаи сеюми телевизионии «Волонтёрони Точикистон» Добавить комментарий https://www.facebook.com/home.php
Анҷумани VII-уми умумиҷумҳуриявии ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон Добавить комментарий Анҷумани VII-уми ҷумҳуриявии ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон идомаи ташаббусҳо оид ба устуворӣ ва рушди ҷараёни идораи демократии ҷомеа мебошад, ки ба рушди имконоти ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат мекунад. Ҳамасола баргузор намудани Анҷуман ба ҳукми анъана даромадааст ва он майдоне мебошад, ки дар онҷо ташкилотҳои кор бо ҷавонон, аз ҷумла ташкилотҳои ҷамъиятӣ имконоти табодули таҷриба, муайян кардани роҳу усулҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда дар байни ҷавонон ва ташаккули муносибатҳои ҳамкориро пайдо мекунанд. Ташаббускорони бевоситаи Анҷуман Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии ва шарикони иҷтимоӣ Хазинаи кӯдакони СММ, Намояндагии Хазинаи Оғохон дар Тоҷикистон ва Алерт Интернешнл мебошанд. Дар чорабинӣ намояндагони 130 ташкилотҳои асосӣ, ки дар самти сиёсати ҷавонон фаъолият доранд, ширкат меварзанд. Мақсади Анҷуман таҳкими иштироки ҷавонон дар қабули қарорҳо ҳамчун қисми ҷудонашавандаи рушди давлат ва ҷамъият мебошад. Программа 7-го Форума Барномаи Форуми 7-ум
Намоиши дуюми телевизионии «Волонтёрони Тоҷикистон» дар шабакаи ТВ «Ҷаҳоннамо» пахш гардид. Добавить комментарий
ҲАРАКАТИ ВОЛОНТЁРӢ: ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗ Добавить комментарий http://miraliev.com/2014/05/29/%D2%B3%D0%B0%D1%80%D0%B0%D0%BA%D0%B0%D1%82%D0%B8-%D0%B2%D0%BE%D0%BB%D0%BE%D0%BD%D1%82%D1%91%D1%80%D3%A3-%D0%B4%D0%B8%D1%80%D3%AF%D0%B7-%D0%B2%D0%B0-%D0%B8%D0%BC%D1%80%D3%AF%D0%B7/#more-805
Cеминар-машварат оид ба фаҳмондадиҳии фаъолияти волонтиёрӣ дар вилояти Сугд Добавить комментарий 26 майи соли 2014 дар шаҳри Хучанд семинар-машварат оид ба фаҳмондадиҳии фаъолияти волонтиёрӣ ва мақсаду вазифаҳои Асотсиатсияи милии волонтёрони Точикистон баргузор гардид. Дар кори семинар муовини аввали Раиси Кумита Чураев К. ва сарвари Асотсиатсия Миралиев Қ., ширакт варзида, оид ба барнома ва дастурамалҳои Асотсиатсия ва намудҳои фаъолияти волонтиёрӣ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон баромад намуданд.
Аксияи экологии волонтёрон Добавить комментарий Бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Боғи Фирдавсии пойтахт Аксияи экологӣ баргузор гардид. Хотирнишон бояд шуд, ки бо ин мақсад дар доираи Нақша-чорабиниҳои Ҳафтаи ҷавонон дар ҳамкории Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон аз 5 то 14 майи соли 2014 амалиёти ҷамъоварии қоғазпораҳои куҳна дар шаҳрҳои марказии ҷумҳурӣ баргузор гардида буд. Аксияи мазкур дар натиҷаи амалиёти баъдӣ доир гардид ва мақсади он ҷалби васеи омма барои беҳдошти фазои экологӣ мебошад. Дар Аксия худуди 40 волонтёрон ширкат варзиданд.
СЕМИНАР-МАШВАРАТҲО ОИД БА ФАҲМОНДАДИҲИИ ВОЛОНТИЁРӢ Добавить комментарий 20 майи соли 2014 дар ноҳияи Рашт семинар-машварат оид ба фаҳмондадиҳии фаъолияти волонтиёрӣ ва мақсаду вазифаҳои Асотсиатсияи милии волонтёрони Точикистон баргузор гардид. Дар кори семинар намояндагони Асотсиатсия Миралиев Қ., Кахорова Н. ва Мирзорахимов Н. ширакт варзида, оид ба барнома ва дастурамалҳои Асотсиатсия ва намудҳои фаъолияти волонтиёрӣ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон баромад намуданд. 16 майи соли 2014 дар шаҳри Кулоб семинар-машварат оид ба фаҳмондадиҳии фаъолияти волонтиёрӣ ва мақсаду вазифаҳои Асотсиатсияи милии волонтёрони Точикистон баргузор гардид. Дар семинар Раиси Асотсиатсия Миралиев Қиёмиддин ва муовини раиси Ассотсиатсия Мирзорахимов Наимчон оид ба барнома ва дастурамалҳои Асотсиатсия ва намудҳои фаъолияти волонтиёрӣ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон баромад намуданд. Дар семинар 45 нафар намояндагони чавонон ва масуъолни нохияхои минтака ширкат карданд. 15 майи соли 2014 дар толори Китобхонаи марказии шаҳри Қурғонтеппа семинар-машварат оид ба фаҳмондадиҳии фаъолияти волонтиёрӣ ва мақсаду вазифаҳои Асотсиатсияи милии волонтёрони Точикистон баргузор гардид. Дар семинар Раиси Асотсиатсия Миралиев Қиёмиддин суханрони намуда, оид ба барнома ва дастурамалҳои Асотсиатсия ва намудҳои фаъолияти волонтиёрӣ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон маълумот дод. Дар ин семинар машварат зиёда аз 50 нафар фаъолҷавонон аз донишгоҳҳо, марказҳои таълимӣ ва муассисаҳои давлатию ғайридавлатии шаҳру ноҳияҳои минтақа фаъолона иштирок доштанд.