Амалиёти ҷумҳуриявӣ оид ба ҷавмъоварии қоғазпораҳои кӯҳна Добавить комментарий ДИҚҚАТ! АМАЛИЁТ! Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон (АМВТ), Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон (ИТҶТ) ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон (ИҶТ) Амалиёти ҷумҳуриявиро оид ба ҷавмъоварии қоғазпораҳои кӯҳна доир менамояд. «ДАРАХТОНРО ҲИФЗ МЕНАМОЕМ». Ҳамарӯза аз манзилҳои истиқоматӣ ва коргоҳҳо дар тамоми манотиқи кишвари мо қоғазҳопораҳои зиёдеро мепартоянд. Мавриди истифодаи дуруст ва самараноки қоғазҳо аз тарафи ҳар яки мо, онҳоро метавон дубора истифода ва ҳазорҳо дарахтонро ҳифз намуд. Зеро коркарди як тонна қоғазкӯҳна 10 дарахтро ҳифз менамояд, 20000 лт. об, 1000 кВт қувваи барқро сарфа намуда, партови 1700 кг карбонро дар атмосфера пешгирӣ менамояд. Иштироки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон муҳим аст, чунки мушкилоти партовҳо ва истифодаи бесамари захираҳои сайёра ба ояндаи мо таъсири бевосита мерасонад. Мақсади Амалиёт Сарфаи захираҳои табиӣ (дарахтон, обҳо, қувваи барқ) аз ҳисоби дубора коркарди қоғазпораҳои кӯҳнашуда. Рушди маданияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъоварии партовҳо ба таври алоҳида. ҚОҒАЗ ТАКРОРАН МЕТАВОН КОРКАРД ШАВАД. Даромадҳои бадастоварда танҳо барои бартараф сохтани эҳтиёҷоти волонтёрони Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ гардонидани вазифаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла нигоҳдошти мавзеҳои ҷамъиятию фароғатӣ истифода мешаванд. ШУМО МЕТАВОНЕД САҲМИ ХУДРО ГУЗОРЕД ВА ИШТИРИКОЧИИ АМАЛИЁТИ УМУМИҶУМҲУРИЯВӢ ГАРДЕД!!! Аз хона, корхона ва аз ҳамсояҳои худ қоғазкӯҳнаҳоро ҷамъ оварда ба мо занг занед. Мо омада онҳоро мегирем. Мо беандоза миннатдор мешавем, агар қоғазкӯҳнаҳоро (бевосита) ба суроғаи дар поён овардашуда расонед ва ё барои гирифтани онҳо муроҷиат намоед: Душанбе (Штаби ҷумҳуриявӣ) хиёбони Рӯдаки 112 (нишона: бинои собиқ кинотеатри 8-март), шахсони масъул: ? Шерали Ҷалолов — 987399652, 501885840, Sherali19952014@mail.ru; ? Мирзораҳимов Наимҷон – 927077572, 937077572, naimjonm@gmail.com; ? Фатҳуддин Солеҳов – 918518362, nyrc@youth.tj. Қурғонтеппа, куч.Борбад 13 (нишона: ҳайкали Ч.Руми), шах. масъул: ? Бобоев Бехруз – 900199039, behruz_724@mail.ru; ? Рано Ҷумаева – 988160444, rano.dgumaeva@mail.ru. Ёвон, шахси масъул: ? Хусрав Бобобеков – 934243232, hoosrav2009@gmail.com; ? Тағоев Ҷамшед – 934168116, tagaev78 @mail.ru Панҷ,: шахси масъул: ? Камолов Холмурод — 907710812, 935031362. Рӯдакӣ, шахси масъул: ? Рухшона Шобудинова – 907844394, ruhshona.rudaki@mail.ru Вахдат, шахси масъул: ? Саидов Сафарбег – 919708084, vahdat_youth@inbox.ru; ? Гавхар Хоҷаева – 907570920, gavhar_75@mail.ru Бобоҷон Ғафуров, шахси масъул: ? Махмудов Мансур — 927925600, saidvill@rambler.ru Исфара, шахси масъул: ? Хасанова Зайнура – 928464633; ? Сулаймонхон Султонов – 927498598, skif_sulton@mail.ru. Хоруғ, кӯчаи Ленина109, Маркази ҷавонон, шахси масъул: ? Чоршанбиев Сураҷ – 935353278, Surajjon@mail.ru. Кӯлоб: кӯчаи С.Сафаров (собиқ кинот. Гулистон), Маркази ҷавонон, шахси масъул: ? Шарифов Мадиброхим – 918414868, po.imron@gmail.com Хуҷанд: кучаи К.Хучанди 81, (нишона: бинои Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд (автовокзали кӯҳна), шахси масъул: ? Хоҷаев Аҳрорхон – 927899070, ahrorkhon_a@mail.ru Ҳамчунин шумо метавонед ба Сохторҳои маҳалии ҷавонон, варзиш ва сайёҳи шаҳру ноҳияҳои худ муроҷиат намоед. суроғаҳо барои мубодилаи маълумонҳо: volunteertajikistan@gmail.com, omot@youth.tj www.volunteer.tj, www.facebook.com: ВолонтёрониТоҷикистон ← BackСообщение отправлено Name(обязательно) Предупреждение Email(обязательно) Предупреждение Website Предупреждение Comment(обязательно) Предупреждение Внимание! Отправить Δ
Форуми чавонони Созмони хамкории Шанхай «Ташаббусхои волонтёри» ва чаласаи VII Шурои чавонони СХШ Добавить комментарий Читать далее →
Барномаи сюми телевизиони Добавить комментарий https://m.facebook.com/story.php story_fbid=1429205924021766&id=100007971150659
Барномаи сеюми телевизионии «Волонтёрони Точикистон» Добавить комментарий https://www.facebook.com/home.php
Анҷумани VII-уми умумиҷумҳуриявии ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон Добавить комментарий Анҷумани VII-уми ҷумҳуриявии ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон идомаи ташаббусҳо оид ба устуворӣ ва рушди ҷараёни идораи демократии ҷомеа мебошад, ки ба рушди имконоти ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат мекунад. Ҳамасола баргузор намудани Анҷуман ба ҳукми анъана даромадааст ва он майдоне мебошад, ки дар онҷо ташкилотҳои кор бо ҷавонон, аз ҷумла ташкилотҳои ҷамъиятӣ имконоти табодули таҷриба, муайян кардани роҳу усулҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда дар байни ҷавонон ва ташаккули муносибатҳои ҳамкориро пайдо мекунанд. Ташаббускорони бевоситаи Анҷуман Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии ва шарикони иҷтимоӣ Хазинаи кӯдакони СММ, Намояндагии Хазинаи Оғохон дар Тоҷикистон ва Алерт Интернешнл мебошанд. Дар чорабинӣ намояндагони 130 ташкилотҳои асосӣ, ки дар самти сиёсати ҷавонон фаъолият доранд, ширкат меварзанд. Мақсади Анҷуман таҳкими иштироки ҷавонон дар қабули қарорҳо ҳамчун қисми ҷудонашавандаи рушди давлат ва ҷамъият мебошад. Программа 7-го Форума Барномаи Форуми 7-ум
Намоиши дуюми телевизионии «Волонтёрони Тоҷикистон» дар шабакаи ТВ «Ҷаҳоннамо» пахш гардид. Добавить комментарий