Амалиёти экологӣ оид ба ҷамъоварии қоғазпора Добавить комментарий Дӯстон ва ҳамкорони азиз! Шуморо ба нахустин Амалиёти ҷамъоварии макулатура (қоғазҳои бекоргашта), ки дар доираи «Ҳафтаи ҷавонон» аз ҷониби Ассотсиатсияи волонтёрони Тоҷикистон ва ИТҶТ аз 5 то 14 майи соли 2014 баргузор мегардад, даъват менамоем. Нигоҳубин ва тоза кардани ҷойҳои ҷамъиятӣ масъулияти ҳар як шаҳрванди майли хайрхоҳӣ дошта баҳри ободонию нумӯъи манзили худ мебошад. Дар ҳамин асно волонтёрони Ассотсиатсияи волонтёрони Тоҷикистон ва ИТҶТ ба ҳамаи ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ, байналмилалию таҳсилотӣ муроҷиат менамоянд, ки агар қоғазҳои бекоргашта дошта бошанд, пас онҳоро баҳри тозагию ободонӣ бисупоранд. ҚОҒАЗ МЕТАВОНАД ТАКРОРАН КОРКАРД ШАВАД!!! Маблағҳои ҷамъоваригашта танҳо барои дастгирии ниёзи моддии волонтёрон дар амалисозии чорабиниҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла тозаву ороста нигоҳ доштани мавзеҳои ҷамъиятии истироҳатию фароғатӣ равона мегарданд. ШУМО МЕТАВОНЕД САҲМИ ХУДРО ДАР ТАШКИЛИ АМАЛИЁТИ УМУМИМИЛЛИ БИГУЗОРЕД ВА ҚИСМАТИ ОН БОШЕД!!! Тамоми маҳсулоти қоғазинро аз хона, коргоҳ ва ҳамсоягони худ ҷамъоварӣ намуда, ба мо занг занед. Мо меом ва онҳоро мегирем. Боиси хушҳолии мо мегардад, агар дар расонидани (бо имконоти худӣ) маҳсулоти қоғазин ба маконҳои (суроғаҳои) дар поён овардашуда мусоидат намоед. Душанбе, х.Рӯдакӣ 112, Маркази фарҳангии ҷавонон (бинои собиқ к-ри 8 март), масъул: Қодиров Хизр, тел.:919703010, Раҷабова Зарнигор тел.: 917643045, 987399652, Нурудинов Сухроб, тел. 901030388, Мирзорахимов Наимджон, тел. 927077572. Қурғонтеппа, кӯч. Борбад 13 (Раёсати кор бо ҷавонон, наздики муҷассамаи Ҷ.Рӯми), масъул: Бобоев Бехруз, тел.: 900199039. Исфара, Ҷ/д Навгилем, кӯч. Бузургзода 126/А, масъул: Сулаймонхон Султонов, тел.: 927498598, 20098. Хорӯғ, кӯч.Ленина 109, Маркази ҷавонон, масъул: Чоршанбиев Сураҷ, тел.: 935353278 Кӯлоб: кӯч. С.Сафаров (собиқ к-ри Гулистон), Маркази ҷавонон, масъул: Шарифов Мадиброҳим, тел.: 918414868. Хуҷанд: кӯч. К.Хуҷандӣ 81, (Раёсати кор бо ҷавонон (автовокзали кӯҳна), масъул: Хоҷаев Аҳрорхон, тел.: 927899070 Суроға барои иттилоот: volunteertajikistan@gmail.com www.tajikistanvolunteer.wordpress.com www.facebook.com: Волонтёрони Тоҷикистон Поделиться ссылкой: Поделиться в Х (Открывается в новом окне) X Поделиться на Facebook (Открывается в новом окне) Facebook Нравится Загрузка... Похожее