Санаи 3 июни соли 2025 дар шаҳри Истаравшан дар доираи ҳамкории байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мутобиқи Нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба рушди ҳамкории мутақобилаи милитсия ва ҷавонон ҷиҳати таҳкими муттаҳидӣ ва қобилияти устувори иҷтимоӣ дар сатҳи маҳал семинари омӯзишӣ ва муколама доир гардид.
Бояд тазаккур дод, ки ин чорабиниҳо дар доираи “Лоиҳаи ҳамкории мутақобилаи милитсия ва ҷавонон ҷиҳати таҳкими муттаҳидӣ ва қобилияти устувори иҷтимоӣ дар сатҳи маҳал”, ки аз ҷониби ВКХ Канада ва Барномаи рушди СММ маблағгузорӣ мегардад, дар навбати аввал шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Истаравшан, Рӯдакӣ ва Нуробод амалӣ мегарданд.




