Фаъолнокии ҷавонон дар ҳамкории мутақобила бо милитсия

Мақола дар маҷаллаи "Қонун ва ҷомеа" низ, санаи 05.06.25, №22(836) интишор гардидааст.

Дар шароити муосири таҳаввулоти иҷтимоиву сиёсӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо ҳамкории самараноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус милитсия бо ҷавонон аҳаммияти фавқулода касб мекунад. Бо ҳамин мақсад, рӯзҳои 14–16 майи соли 2025, дар шаҳри Бохтар семинари омӯзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар он масоили таҳкими ҳамкории мутақобилаи милитсия ва ҷавонон, устувории иҷтимоӣ дар сатҳи маҳал, ҷалби фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба сиёсати амният ва тарбия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

oplus_2

Чорабинии мазкур дар ҳамоҳангӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Канада, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва дигар шарикони байналмилалӣ амалӣ гардид.

Барномаи семинари омӯзишӣ масъалаҳои зеринро фаро гирифт:

  • таҳлили ҳолати кунунии ҳамкории милитсия ва ҷавонон дар маҳалҳо;
  • омӯзиши тарзу усулҳои нави ҷалби ҷавонон ба барномаҳои пешгирикунандаи қонуншиканӣ;
  • пешниҳоди дастурамал ва барномаҳои омӯзишӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва ҳамзамон дарки масъулияти шаҳрвандии онҳо;
  • тақвияти ҳамбастагии иҷтимоӣ тавассути ҳамкорӣ миёни ҷавонон ва милитсия дар сатҳи маҳал;
  • баргузор намудани муҳокимаҳои ҷамъиятӣ, ки дар онҳо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ҷавонон ва мақомоти милитсия якҷоя мушкилотро арзёбӣ ва роҳи ҳалли онҳоро пешниҳод намуданд.

Зимнан, чорабинӣ дар доираи лоиҳаи БРСММ “Ҳамкории мутақобилаи милитсия ва ҷавонон ҷиҳати таҳкими муттаҳидӣ ва қобилияти устувори иҷтимоӣ дар сатҳи маҳал” бо маблағгузории ВКХ Канада дар навбати аввал дар шаҳру навоҳии Бохтар, Истаравшан, Рӯдакӣ ва Нуробод амалӣ мегардад.

Боиси зикр аст, ки яке аз иқдомҳои назаррас фаъолияти гурӯҳи ҷавонони “Авангард” мебошад, ки дар назди ШВКД дар шаҳри Бохтар амал мекунад. Ин гурӯҳ аз ҷавонони фаъоли идораву корхонаҳои мухталиф иборат буда, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонону наврасон, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва таҳким бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа нақши намоён дорад.

Дар ҷараёни омӯзишҳо ташаббускорони лоиҳа таъкид намуданд, ки танҳо бо иштироки фаъолонаи ҷавонон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавон заминаи устувори ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва коҳиш додани сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ҷомеа бунёд кард. Воқеан, нақши ҷавонон дар ин раванд беназир аст – онҳо метавонанд пули иртиботӣ байни мардум ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бошанд, мушкилотро сари вақт пайгирӣ ва барои ҳалли онҳо мусоидат намоянд.

Ин иқдоми навбатии миллию байналмилалӣ нишон медиҳад, ки сиёсати ҷавонон дар Тоҷикистон ба сӯи рушду ташаккул додани ҳамкорӣ, тарбия ва пешгирии ҷинояткорӣ ва хусусан тақвияти ҳамбастагии ҷавонон равона гардида, ҳадафаш ташаккули шахсияти фаъоли шаҳрвандӣ ва масъулиятшиноси иҷтимоӣ мебошад.

Дар ҷараёни муколамаи байни кормандони милитсия ва ҷавонон аз корхонаву идораҳои гуногун, бахусус ҷавонони гурӯҳи “Авангард” –и шаҳри Бохтар, сардори Шуъбачаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони ШВКД дар шаҳри Бохтар лейтенанти калони милитсия, Аюбӣ Маҳмадназар ҷиҳати тақвияти бештари ҳамкории мутақобилаи милитсия бо шаҳрвандон изҳори назар намуд:

«Имрӯз ҳамкории мутақобилаи милитсия бо аҳолӣ, бахусус бо ҷавонон, яке аз самтҳои муҳимми пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ маҳсуб меёбад. Ҷавонон на танҳо нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд, балки иштирокчиёни фаъоли мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ ҳастанд. Мо мекӯшем, ки тавассути чунин мулоқот сатҳи огоҳии ҳуқуқии ҷавононро боло бардорем, онҳоро ба зиндагии солим, ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ҷалб намоем. Мақомоти корҳои дохилӣ ҳамеша омодаанд бо ҷавонон дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром ҳамкорӣ намоянд, то якҷо ҷомеаи солим ва амнро бунёд созем».

Ҳамчунин, аъзои гурӯҳи ҷавонони “Авангард” дар шаҳри Бохтар, ки иштирокчиёни омӯзишҳо буданд, дар мулоҳизаронӣ андешаҳои худро зикр намуданд. Назаров Абдураҳим, омӯзгори ҷавон ва аъзои гурӯҳи ҷавонони “Авангард”-и назди ШВКД дар шаҳри Бохтар, лоиҳаи мазкурро дар замони муосир зимни мулоҳизаронӣ чунин изҳори назар намуд:

«Ин лоиҳа аз зумраи он ташаббусҳост, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармоягузории ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ гардида, ба мо ғизои маънавӣ мебахшад. Он на танҳо дониш ва малакаи моро афзоиш медиҳад, балки моро водор месозад, ки ин тадбирҳоро дар амал татбиқ намоем. Чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонон, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди ҳисси масъулиятшиносӣ миёни ҳамсолон аҳамияти бузург доранд».

Ибрагимова Сабрина, аъзои фаъоли гурӯҳи ҷавонони «Авангард», дар суханронии худ иброз кард:

«Мо, ҷавонон, насли хушбахтем, ки имрӯз дар баробари насли калонсол дар чунин тренингҳои омӯзишӣ иштирок дорем. Ин ташаббусҳо барои мо мактаби воқеии зиндагӣ буда, ба рушди малакаҳои шахсӣ ва пешрафт дар корҳои гуногуни созандагӣ баҳри пешрафти Ватани маҳбубамон мусоидат мекунанд. Иштироки фаъолонаи ҷавонон дар чунин барномаҳо нақши моро дар ҷомеа бештар ва таъсиргузортар месозад».

Зарурати ҳамкорӣ

Таҳким бахшидани робитаи мутақобилаи милитсия бо аҳолӣ, бахусус ҷавонон, яке аз кафолатҳои асосии таъмини суботу амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ҷомеа ба ҳисоб меравад. Муносибатҳои созанда ва боварибахши шаҳрвандон ба милитсия имконият фароҳам меоранд, ки:

  • афзоиши ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону наврасон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пешгирӣ гардад;
  • ҳодисаҳои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ коҳиш ёбанд;
  • ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ дар байни омма ташаккул ёбад;
  • фароҳам овардани муҳити мусоидиҳамбастагии иҷтимоӣ ва иттиҳодҳои ҷавонон таҳким ёбад.

Ҷавонон қишри фаъоли ҷомеа маҳсуб ёфта, дар мавридҳои зиёд метавонанд ҳамчун мубаллиғони тартиботи ҳуқуқӣ ва шарикони милитсия дар ҷодаи пешгирии ҷинояткорӣ ва таҳкими ҳамбастагӣ амал намоянд. Омӯзиши маълумотҳо нишон медиҳад, ки дар ҳолате, ки ҷавонон дар корҳои фаҳмондадиҳӣ, мониторинг ва ҳамкорӣ бо милитсия фаъолона ширкат меварзанд, сатҳи ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ ба таври чашмгир коҳиш меёбад.

Ҳамкории ҷавонон бо милитсия танҳо як амали муваққатӣ набуда, балки як раванди пайвастаи тарбиявӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Ин ҳамкорӣ метавонад барои рушди фарҳанги ҳуқуқшиносӣ, таҳкими субот, таҳкими ҳамбастагӣ ва инкишофи ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ дар ҷомеа хидмат кунад.

Бо эҷоди муҳити боварибахши мутақобила ва истифодаи самараноки захираҳои зеҳнии ҷавонон, метавон ба ташкили як ҷомеаи солиму амн мусоидат кард, ки дар он милитсия на танҳо ниҳоди ҳифзи тартибот, балки шарики воқеии шаҳрвандон маҳсуб меёбад.

АКМАЛ ҚУРБОН, роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард”– и назди ШВКД дар шаҳри Бохтар

Хуш омадед ба сомонаи волонтёрон!