17-18 июни с.2025 табодули таҷрибаи (сафари омӯзишии) дурӯзаи кормандони милитсия ва фаъолҷавонони шаҳри БОХТАР ба шаҳри ИСТАРАВШАН баргузор гардид.
Бояд тазаккур дод, ки ин чорабиниҳо дар доираи “Лоиҳаи ҳамкории мутақобилаи милитсия ва ҷавонон ҷиҳати таҳкими муттаҳидӣ ва қобилияти устувори иҷтимоӣ дар сатҳи маҳал”, ки аз ҷониби ВКХ Канада ва Барномаи рушди СММ маблағгузорӣ мегардад, дар навбати аввал шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Истаравшан, Рӯдакӣ ва Нуробод амалӣ мегарданд.
Сафари мазку бо мақсади омӯзиши роҳу усулҳо ва таҷрибаи пешрафта дар самти ҳамкории милитсия ва ҷавонон бо иштироки 16 нафар кормандони милитсия (8 наф.) ва ҷавонони фаъол (8 наф.) аз шаҳри Бохтар доир гардид.
Боиси зикр аст, ки ин чорабинӣ тибқи Тақвими баргузории семинару муколамаҳо, бозиҳои варзишӣ, аксияҳои муштарак ва сафарҳои таҷрибаомӯзӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Истаравшан, Нуробод ва Рӯдакӣ ва Нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба ҳамкории мутақобилаи милитсия ва ҷавонон ҷиҳати таҳкими муттаҳидӣ ва қобилияти устувори иҷтимоӣ дар сатҳи маҳал, ки аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16.04.2025 тасдиқ гардидааст, амалӣ гардид.
Дар рӯзи якуми сафар ҳамоиш доир гардида, ба иштирокчиён оид ба роҳу усулҳо ва таҷрибаи пешрафтаи ш.Истаравшан дар самти ҳамкории милитсия ва ҷавонон дар шакли рӯнамо (презентатсия) маълумот дода шуд.
Дар рӯзи дуюм, сайёҳати меҳмонон ба мавзеъҳои сайёҳӣ, фарҳангӣ ва таърихии маҳал ташкил карда шуд, ки барои таҳкими ҳувияти миллӣ ва боз ҳам наздик гардонидани милитсия бо ҷавонон мусоидат менамояд.











