Нишасти нахустини матбуотии Ассотсиатсия

Нимаи аввали 3 апрели соли равон дар дар толори Маркази чумҳуриявии «Иттилоот ва муошират Нишасти матбуотӣ оид ба таъсисёбӣ ва муарифии дурнамои фаъолияти Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон бо ширкати раёсати Ассотсиатсия, намояндагони интститутҳои муқими байналмилалӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва доираи васеи рӯзноманигорон доир шуд.
Раиси Ассотсиатсия Қиёмиддин Миралиев роҷеъ ба Барнома, дурнамо ва самтҳои асосии фаъолияти волонтёрӣ ёдовар шуда, зикр кард, ки ҳаракати волонтёрӣ имрӯз дар саросари дунё хеле роиҷ буда, дар Тоҷикистон низ тайи чанд соли охир рушд мекунад ва ҷавонони зиёде мехоҳанд, ки довталабона дар соҳаҳои мухталиф фаъолият кунанд.
Миралиев гуфт: “Дар Тоҷикистон ҳаракати ихтиёриён миёни ҷавонон аввалин маротиба соли 2000 ба фаъолият шурӯъ намуда, нахустин ташаббуси аввали онҳо ба самти тарзи ҳаёти солими ҷавонон равона шуда буд. Дар ҳоли ҳозир волонтёрон фаъолияти хешро ба самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа аз ҷумла, пешгирии бемориҳои сироятӣ, тарзи ҳаёти солим, банақшагирии оила, экология, муҳити зист ва ѓайра равона месозанд.
Ёдовар мешавем, ки 20 феврали соли 2014 бо ташаббуси Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон (ки ба он 117 ташкилотҳо аъзо мебошанд) ва шаш ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо мақсади рушду такомули фаъолияти волонтёрӣ ва фароҳам овардани шароитҳо барои дар амал тадбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон (Ассотсиатсия) таъсис дода шуда ки дар таърихи Тоҷикистони навин барои бори аввал аст. 20 марти соли 2014 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шуд.
То имрӯз Ассотсиатсия бархе аз тадбирҳои меъёрию ҳуқуқиро амалӣ сохтааст, аз ҷумла бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти волонтёрӣ Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, Барномаи фаъолияти Ассотсиатсия ва Нақшаи стратегии Ассотсиатсия барои солҳои 2014-2015 ба тасвиб расиданд.
Ҳадафи таъсиси Асосиатсия беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолии Ҷумхурии Тоҷикистон, бахусус дастрасии гурӯҳҳои осебпазир ба таҳсилот, саломатӣ ва таъминоти иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ва мусоидат барои иштироки фаъоли ҷомеаи шахрвандӣ дар демократикунонии ҷомеа бо роҳи рушди ҳаракати волонтёрӣ дар кишвар
Вакили маҷлиси намояндагон, Абдураҳмон Хонов дар бораи заминаҳои иҷтимоии зарурати қабули қонуни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъоляити волонтёрӣ” суханронӣ намуда, аз ҷумла гуфт: “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ», ки бо мақсади тақвият бахшидан ба раванди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва равона намудани ташаббусҳои шаҳрвандон, бахусус ҷавонон дар рушдӯ нумӯъи ҷомеа қабул гардидааст, итминон дорам, дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон мусоидат хоҳад кард”.
Ҳамоҳангсози СММ оид ба волонтёрон Кеччи Сатто кабули конун ва таъсиси Ассосиатсияи миллиро дар ин робита аз иқдомҳои хуб миёни кишварҳои Осиёи Миёна маънидод кард.
Ҳамчунин котиби Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон Зарнигор Раҷабова ва директори Ташкилотҳои ҷамъиятии “Имрон” Шарифов М. низ аз таъсиси саривақтии Ассосиатсия ёдовар шуданд.
Миёни раёсат ва намояндагони расонаҳои хабарии мамлакат атрофи зиёда аз 15 масоили мубрами фаъолияти волонтёрӣ дар Тоҷикистон мунозираҳо сурат гирифт.

_DSC0039 _DSC0043 _DSC0048 _DSC0059 _DSC0062 _DSC0075 _DSC0083

Хуш омадед ба сомонаи волонтёрон!